Қатъи фаъолияти таваққуфгоҳи нақлиёти мусофирбари “Роҳи сафед” дар Душанбе

Asia-Plus

Фаъолияти терминали нақлиёти мусофирбари “Роҳи сафед”, ки дар маҳаллаи 7 километри роҳи мошингарди Душанбе – Ваҳдат (мавзеи комбинати полиграфӣ) ҷойгир аст, қатъ карда мешавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, минбаъд ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофирбар – таксиҳо ба шаҳру ноҳияҳои самти минтақаи Кӯлоб ва ноҳияҳои водии Рашт (Файзобод, Роғун, Нуробод, Рашт, Сангвор, Тоҷикобод ва Лахш) аз Терминали шарқӣ (маҳаллаи Обшорон) ба роҳ монда мешавад.

Ба самти “Терминали шарқӣ автобусҳои №2, 7, 43 ва ҳамчунин микроавтобусҳо (маршруткаҳо)-и №5А, 15, 18 ва 39 равуо мекунанд.

Аз дастгоҳи раиси пойтахт ба “Азия-Плюс” дар ин робита иттилоъ доданд, ки сабаби қатъи фаъолияти таваққуфгоҳи “Роҳи сафед” дар он аст, ки дар он ҷо барои мусофирон ва ронандагон шароит зарурӣ муҳайё набуд ва ҳамчунин дар мавзеи ин терминал ба ҳаракати воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ монеъа эҷод мешуд.

Сохтмони  «Терминали шарқӣ» дар даромадгоҳи қисмати шарқии шаҳри Душанбе нимаи дуюми соли 2015 оғоз гардида, он майдони беш аз 1,4 гектарро ишғол мекунад. Таваққуфгоҳ бо ғунҷоиши то 300 адад воситаи нақлиёти гуногунҳаҷм аз бинои маъмурӣ, нуқтаи шустушӯ ва таъмири воситаҳои нақлиёт иборат мебошад.

Бинои асосии терминал аз се ошёна иборат буда, дар ошёнаи аввал толори интизорӣ бо ғунҷоиши то 90 нафар дар як вақт, ошхона барои 60 нафар, нуқтаи муоинаи тиббӣ, хонаи модару кӯдак ва дигар утоқҳои корӣ ҷойгиранд. Дар ошёнаҳои дуюму сеюми бинои асосии терминал 15 ҳуҷраи хоби яккаса ва оилавӣ барои  35 нафар бо шароити олӣ ва миёна мавҷуданд.

“Фаъолияти терминали нав шабонарӯзӣ роҳандозӣ гардида, дар он барои мусофирон ва ронандагон шароитҳои лозима муҳайё карда шудааст”, – хабар медиҳад мақомоти шаҳрдории пойтахт.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...