Дастури Президент ҷиҳати ҳалли мушкилоти корхонаҳои аз фаъолият бозмондаи Суғд

Дар нуҳ моҳи соли 2018 аз 614 корхонаи саноатӣ дар вилояти Суғд 100 корхона ё аз шумораи умумӣ 17 фоиз бо сабабҳои гуногун фаъолият накардааст. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба раҳбарияти вилоят ҷиҳати ҳалли ин масъала дастур дод. Дар фарҷоми сафари чоррӯзаи корӣ ба вилояти Суғд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилоят машварати […]

Дар нуҳ моҳи соли 2018 аз 614 корхонаи саноатӣ дар вилояти Суғд 100 корхона ё аз шумораи умумӣ 17 фоиз бо сабабҳои гуногун фаъолият накардааст. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба раҳбарияти вилоят ҷиҳати ҳалли ин масъала дастур дод.

Дар фарҷоми сафари чоррӯзаи корӣ ба вилояти Суғд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилоят машварати корӣ доир намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни машварат Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки дар нуҳ моҳи соли 2018 афзоиши маҷмӯи маҳсулоти вилоят 107 фоиз ва истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ қариб 110 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми онҳо мутаносибан ба 12,8 ва 8,1 миллиард сомонӣ баробар шудааст.

Дар вилоят ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар моҳҳои январ – сентябри соли 2018 ба 5,6 миллиард сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2017-ум 6,6 фоиз, аз ҷумла дар соҳаи растанипарварӣ 4,4 миллиард сомонӣ ё 7,6 фоиз ва чорводорӣ 1,2 миллиард сомонӣ ё 3,1 фоиз зиёд шудааст.

Дар баробари дастовардҳо Президент зикр кард, ки дар нуҳ моҳи соли 2018 аз 614 корхонаи саноатӣ 100 корхона ё аз шумораи умумӣ 17 фоиз бо сабабҳои гуногун фаъолият накардааст.

Гуфта мешавад, аз ин рӯ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, вазорату идораҳои дахлдор вазифадор шуданд, ки доир ба фароҳам овардани шароит барои барқарор намудани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда тадбирҳои дахлдор андешанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.