Қатъи фаъолияти таваққуфгоҳи нақлиёти мусофирбари “Роҳи сафед” дар Душанбе

Фаъолияти терминали нақлиёти мусофирбари “Роҳи сафед”, ки дар маҳаллаи 7 километри роҳи мошингарди Душанбе – Ваҳдат (мавзеи комбинати полиграфӣ) ҷойгир аст, қатъ карда мешавад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, минбаъд ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофирбар – таксиҳо ба шаҳру ноҳияҳои самти минтақаи Кӯлоб ва ноҳияҳои водии Рашт (Файзобод, Роғун, Нуробод, Рашт, Сангвор, Тоҷикобод […]

Фаъолияти терминали нақлиёти мусофирбари “Роҳи сафед”, ки дар маҳаллаи 7 километри роҳи мошингарди Душанбе – Ваҳдат (мавзеи комбинати полиграфӣ) ҷойгир аст, қатъ карда мешавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, минбаъд ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофирбар – таксиҳо ба шаҳру ноҳияҳои самти минтақаи Кӯлоб ва ноҳияҳои водии Рашт (Файзобод, Роғун, Нуробод, Рашт, Сангвор, Тоҷикобод ва Лахш) аз Терминали шарқӣ (маҳаллаи Обшорон) ба роҳ монда мешавад.

Ба самти “Терминали шарқӣ автобусҳои №2, 7, 43 ва ҳамчунин микроавтобусҳо (маршруткаҳо)-и №5А, 15, 18 ва 39 равуо мекунанд.

Аз дастгоҳи раиси пойтахт ба “Азия-Плюс” дар ин робита иттилоъ доданд, ки сабаби қатъи фаъолияти таваққуфгоҳи “Роҳи сафед” дар он аст, ки дар он ҷо барои мусофирон ва ронандагон шароит зарурӣ муҳайё набуд ва ҳамчунин дар мавзеи ин терминал ба ҳаракати воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ монеъа эҷод мешуд.

Сохтмони  «Терминали шарқӣ» дар даромадгоҳи қисмати шарқии шаҳри Душанбе нимаи дуюми соли 2015 оғоз гардида, он майдони беш аз 1,4 гектарро ишғол мекунад. Таваққуфгоҳ бо ғунҷоиши то 300 адад воситаи нақлиёти гуногунҳаҷм аз бинои маъмурӣ, нуқтаи шустушӯ ва таъмири воситаҳои нақлиёт иборат мебошад.

Бинои асосии терминал аз се ошёна иборат буда, дар ошёнаи аввал толори интизорӣ бо ғунҷоиши то 90 нафар дар як вақт, ошхона барои 60 нафар, нуқтаи муоинаи тиббӣ, хонаи модару кӯдак ва дигар утоқҳои корӣ ҷойгиранд. Дар ошёнаҳои дуюму сеюми бинои асосии терминал 15 ҳуҷраи хоби яккаса ва оилавӣ барои  35 нафар бо шароити олӣ ва миёна мавҷуданд.

“Фаъолияти терминали нав шабонарӯзӣ роҳандозӣ гардида, дар он барои мусофирон ва ронандагон шароитҳои лозима муҳайё карда шудааст”, – хабар медиҳад мақомоти шаҳрдории пойтахт.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.