Русия ба сохтмони мактабҳо дар Тоҷикистон 6 млрд. рубл харҷ мекунад

Таҳмина Охонвалиева, Asia-Plus

Тӯли чанд соли наздик Русия ба сохтмони мактабҳои таълимашон забони русӣ дар Тоҷикистон 6 млрд. рубл маблағ ҷудо мекунад. Мактабҳо бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ ва технологияҳои муосир таъмин карда мешаванд.

Дар ин бора зимни кори мизи гирд таҳти унвони “Вазъ ва дурнамои ҳамкории иҷтимоӣ ва гуманитарии Русия ва Тоҷикистон: илму маориф ва фарҳангу тандурустӣ” муовини аввали раиси Кумитаи Шӯрои Федератсияи Русия оид ба илм, маориф ва фарҳанг Лилия Гумерова хабар дод.

Мизи гирд дар ҳошияи Форуми VI байнипарлумонии “Русия – Тоҷикистон: нерӯи ҳамкории минтақавӣ” дар шаҳри Маскав доир гардид.

Ҳайати парлумонии Тоҷикистонро раиси палатаи болоии парлумон Маҳмадсаид Убайдуллоев роҳбарӣ мекунад. Ба ҳайат ба ҷуз вакилони парлумони ҷумҳурӣ, ҳамчунин намояндагони Академияи илмҳои Тоҷикистон ва ректорони мактабҳои олии кишвар шомиланд.

Бино ба гуфтаи Лилия Гумерова, ба сохтмони ҳар кадоме аз мактабҳо ҷудо кардани ҳудуди 1 млрд. 200 млн. рубл маблағ пешбинӣ шудааст.

Дар ҳар кадоме аз 5 мактабҳо таҳсили 1200 нафар хонандагон ба нақша гирифта шуда, мактабҳо бо мақсади пешбурди омӯзиши забон ва фарҳанги Русия сохта мешаванд.

“Ин мактабҳо боргоҳи дониш, дӯстӣ ва ҳамкории гуманитарӣ хоҳанд шуд”, – изҳор намудааст Гумерова.

Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ дар навбати худ пешниҳод намуд, ки дар Русия низ мактабҳои тоҷикӣ боз шаванд.

“Барои оғоз аввал якто дар шаҳри Маскав. Шаҳрвандони Русия ҳам ҳастанд, ки хоҳиши омӯзиши забони тоҷикиро доранд”, – гуфт ӯ.

Ба ин гуфтаи олими тоҷик Лилия Гумерова пешниҳод намуд, ки дар марҳилаи аввал дар мактабҳои амалкунанда мебояд синфҳои омӯзиши забони тоҷикӣ ташкил кард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...