Эмомалӣ Раҳмон: таърифу ситоишҳои барзиёд ба пешрафти давлат мусоидат намекунад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки бо як сафари корӣ дар вилояти Суғд қарор дорад, рӯзи 24 октябр дар маросими ифтитоҳи студияи нави телевизион ва радиои вилояти Суғд иштирок кард. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, зимни суҳбат дар ин маросим президент ба рӯзноманигорон ҳам муроҷиат кард ва онҳоро ба таҳияи матлабҳои таҳлиливу интиқодӣ дар ҳама мавзӯъ, […]

Радиои Озодӣ

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки бо як сафари корӣ дар вилояти Суғд қарор дорад, рӯзи 24 октябр дар маросими ифтитоҳи студияи нави телевизион ва радиои вилояти Суғд иштирок кард.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, зимни суҳбат дар ин маросим президент ба рӯзноманигорон ҳам муроҷиат кард ва онҳоро ба таҳияи матлабҳои таҳлиливу интиқодӣ дар ҳама мавзӯъ, ба хусус иқтисод ва саноат, кишоварзӣ даъват карда, зикр намуд, ки таърифу ситоишҳои барзиёд тавассути телевизион ва радиоҳои кишвар бар суди давлату ҳукумат нест ва ба пешрафти он мусоидат намекунад.

Ӯ рӯзноманигоронро «чашму гӯши давлат» номид ва афзуд, рӯзноманигорон бояд бо матлабҳои таҳлиливу интиқодӣ бо забони содаву фаҳмо ба ҳалли мушкилоти ҷомеа ва ҳамин тавр рушди кишвар саҳм бигиранд.

“Бо матолиби худ табиати диданӣ ва ҳавою обу чашмаҳои шифобахш ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистонро ба ҷаҳониён, сайёҳону ҷаҳонгардон муарифӣ кунед”, – таъкид дошт Сарвари давлат.

Гуфта мешавад, таъкиди президент дар ҳолест, ки мунаққидони матбуотӣ мегӯянд, дар шароити маҳдуд шудани озодии баён дар Тоҷикистон, матбуоти тоҷик ҳарчи бештар аз баррасии масоили дардноки сиёсиву иҷтимоӣ парҳез мекунад ва дар барномаҳои телевизионҳои давлатӣ танҳо аз пешрафту дастовардҳои кишвар сӯҳбат мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.