Пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон номгузорӣ шудани нерӯгоҳи Роғун

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Сиёсатмадор пешниҳоди худро бо он асоснок мекунад, ки маҳз Эмомалӣ Раҳмон дар саргаҳи оғози корҳои барқароркунии сохтмони ин иншооти бузурги бахши гидроэнергеткикаи Тоҷикистон қарор дошт.

Вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода пешниҳод мекунад, ки ба нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” номи Эмомалӣ Раҳмон гузошта шавад.

Зимни мусоҳиба ба “Азия-Плюс” сиёсатмадор изҳор намуд, ки аввали солҳои 2000-ум вақте Эмомалӣ Раҳмон дар бораи барқарор кардани сохтмони нерӯгоҳи Роғун сухан мегуфт, кам касоне дар кишвар бовар доштанд, ки ин ташаббуси Сарвари давлат амалишаванда аст.

“Умуман ин ҷо истифодаи ибораи “оғози сохтмон”бамаврид мебошад, чунки он қисмати нерӯгоҳ, ки замони шӯравӣ сохта шуда буд, пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ пурра вайрон шуда буд ва метавон гуфт, ки бо ибтикори Эмомалӣ Раҳмон сохтмони иншоот дубора қариб аз сифр оғоз ёфт”, – чунин мешуморад Усмонзода.

Раиси Ҳизби демократи ҷумҳурӣ бар ин назар аст, ки Сарвари давлат бо ин ташаббуси худ эътимоди аксари тоҷикистониёнро ба ояндаи нек мустаҳкам кард.

Хотиррасон шуд, ки дар саргаҳи сохтмони нерӯгоҳи Норак роҳбари ҷумҳурӣ дар солҳои 50-ум Турсун Ӯлҷабоев қарор дошт ва бо фармони Президент 9 сентябри соли 1997 ба нерӯгоҳи Норак маҳз номи Турсун Ӯлҷабоев гузошта шуд.

Қобили зикр аст, ки ҷараёни сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” таҳти назорати шахсии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...