Кадом ҷиноятҳо ноболиғонро паси панҷара бурда метавонанд?

Саодат Раҳимӣ, Asia-Plus

Ҷинояткорӣ байни ноболиғон барои ҳама гуна ҷомеа масъалаи доғе мебошад, ки Тоҷикистон низ истино нест. Кадом ҷиноятҳо ноболиғонро аллакай дар синни 14-солагӣ паси панҷара бурда метавонад?

Дар Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ аз 16-солагӣ оғоз гардида, лекин барои содир намудани беш аз бист ҷиноят, дар 14-солагӣ ҳам метавон паси панҷара рафт. Муҳлати ниҳоии махрумият аз озодӣ барои ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин барои ноболиғони синни то 16-сола – 7 сол ва аз 16 то 18-сола – 10 солро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи ҳуқуқшинос Наврӯз Одинаев, масъалаи муҷозоти ноболиғон барои содир намудани ҷиноятҳоро суд бо назардошти ҳамаи ҳолатҳои сабук ва вазнинкунанда инфиродӣ баррасӣ мекунад.

Ҷавобгарии ҷиноӣ дар Тоҷикистон аз синни 14-солагӣ барои содир намудани ҷиноятҳои зерин пешбинӣ шудааст:

– Одамкушӣ (моддаи 104);

– Барқасдона расонидани зарари вазнин ба саломатӣ (110);

– Барқасдона расонидани зарари сатҳи миёна ба саломтӣ (111);

– Рабудан (дуздидани) одам (130);

– Таҷовуз ба номус (138);

– Амали зӯроваронаи дорои хусусияти шаҳвонӣ (139);

– Терроризм (179);

– Гаравгонгирӣ (181);

– Дуздии аслиҳа, муҳимот, маводи тарканда ва дастгоҳҳои тарканда (199);

– Гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ё маводи психотропӣ бо мақсади фурӯш (моддаи 200);

– Муносибати ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъаовар ва маводи психотропӣ (201);

– Дуздии воситаҳои нашъаовар ё маводи психотропӣ (202);

– Дуздии воситаҳои нашъаовар, маводи психотропӣ ва прекурсорҳо (202);

– Парвариши ғайриқонунии растаниҳои манъшуда, ки маводи нашъаовар доранд (204);

– Гардиши ғайриқонунии маводи сахттаъсир ё заҳрнок бо мақсади фурӯш (206);

– Ба ҳолати корношоя расонидани воситаҳои нақлиёт ё роҳҳои алоқа(моддаи 214);

– Авбошӣ бо ҳолатҳои вазнинкунанда (қ. 2 ва 3-и моддаи 237);

– Дуздӣ (моддаи 244);

– Ғоратгарӣ (моддаи 248);

– Роҳзанӣ (моддаи 249);

– Тамаъҷӯӣ (моддаи 250);

– Рабудани автомобил ё дигар воситаи нақлиёт бидуни мақсади дуздӣ (моддаи 252);

– Барқасдона нобуд сохтан ё зиён расонидан ба амвол бо ҳолатҳои вазнинкунанда (қ. 2-и моддаи 255).

Ноболиғон дар куҷо адои ҷазо мекунанд

Дар сурати содир шудани ҷиноятҳои зикршуда, ноболиғон дар муассисаҳои тарбиявии низоми умумӣ (писарони бори аввал маҳкумшуда ва духтарон) ё дар муассисаҳои тарбиявии низомаш шадид (писарони қаблан низ маҳкумшуда) адои ҷазо мекунанд.

Бино ба маълумоти ВКД, нимсолаи аввали соли 2018 дар Тоҷикистон 555 ҷиноятҳои содиршуда аз ҷониби ноболиғон (6 моҳи соли 2017 – 339) ба қайд гирифта шудааст. Соли 2017 ноболиғон 690 ҷиноят содир карда буданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...