Беларус футболбози тоҷикро истирдод карда метавонад

Собиқ футболбози тоҷик Парвиз Турсунов, ки рӯзи 18 сентябр дар шаҳри Минск боздошт шуд, дар бораи гирифтани мақоми гуреза дар Беларус дархост пешниҳод намуд. Ҳуқуқшиносон бар ин назаранд, ки агар ҳатто Беларус аз ҳимояи байнулмилалии футболбоз даст кашад, дигар давлатҳое ёфт хоҳанд шуд, ки ба ин кор розӣ мешаванд, хабар медиҳад “Белсат”. Дар ҷараёни баррасии […]

Собиқ футболбози тоҷик Парвиз Турсунов, ки рӯзи 18 сентябр дар шаҳри Минск боздошт шуд, дар бораи гирифтани мақоми гуреза дар Беларус дархост пешниҳод намуд.

Ҳуқуқшиносон бар ин назаранд, ки агар ҳатто Беларус аз ҳимояи байнулмилалии футболбоз даст кашад, дигар давлатҳое ёфт хоҳанд шуд, ки ба ин кор розӣ мешаванд, хабар медиҳад “Белсат”.

Дар ҷараёни баррасии дархост дар бораи мақоми паноҳанда, ки 40 рӯзро ташкил медиҳад, омӯзишу баррасии дархост барои истирдоди Турсунов ба ватан боздошта шуд, иттилоъ медиҳанд ВАО.

Дар ҳамин ҳол, созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқ Human Rights Watch ва Кумитаи Хелсинки зидди истирдод ё ихроҷи Турсунов аз Беларус изҳори назар карданд.

Парвиз Турсуновро санаи 18 сентябр дар фурудгоҳи Минск, замони ба Аврупо рафтанаш тариқи транзит тавассути Беларус боздошт намуданд.

Санаи 19 сентябр муовини прокурор дар нақлиёти Минск дар бораи ҳабси Турсунов бо мақсади ба ихтиёри Тоҷикистон супурданаш қарор содир кард. Айни замон Турсунов дар боздоштгоҳи муваққатии №1 қарор дошта, тавассути маъмурияти ин муассиса дар бораи гирифтани мақоми паноҳанда дархост пешниҳод кард.

Парвиз Турсунови 43-сола яке аз бозигарони муваффақи дастаи футболи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат буд, аммо бинобар сабаби риши дароз доштанаш, соли 2011 аз иштирок дар бозиҳои мавсими нави мусобиқаи футболи Тоҷикистон маҳрум шуд.

Баъди ин Турсунов ҳамроҳи оилааш ба Дубай рафта, лекин бинобар сабаби мушкилот бо масъалаи бақайдгирӣ, маҷбур шуд, ки ба Туркия равад. Дар Туркия се моҳ истода, ин ҷо низ худу оилаашро ба қайд гузошта натавонист. Сипас ӯ тасмим гирифт, ки ба Лаҳистон (Полша) ё Олмон меравад.

Тибқи маълумоти centre1.com, адвокати беларусии футболбоз Наталя Матскевич хабар додааст, ки Тоҷикистон ҷиҳати истирдоди Турсунов ҳуҷҷатҳоро фиристодааст.

Дар қарори ҳабс аз 19 сентябри соли равон қайд шудааст, ки собиқ футболбоз мавриди ҷустуҷӯи байнидавлатӣ қарор дорад: ҳанӯз 18 ноябри соли 2016 дар Тоҷикистон ба ӯ дар “ташкили фаъолияти гурӯҳи ифротгаро” айбнома пешниҳод шуда, футболбоз мавриди ҷустуҷӯ эълон шуд.

Прокуратураи генералии Беларус айни замон ҳуҷҷатҳоро мавриди омӯзиш қарор дода, агар дар бораи истирдод қарор қабул кунад, шикоят аз болои он ба суд дар назар аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.