Qatari Diar дар дигар лоиҳаҳо дар Тоҷикистон саҳм гузоштанист

Ширкати Qatari Diar-и Қатар, ки шаҳраки “Диёри Душанбе”-ро месозад, ба иштирок дар дигар лоиҳаҳоси сармоягузорӣ дар Тоҷикистон тавааҷуҳ дорад. Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон чанде қабл вохӯрии муовини якуми Раиси Кумита Муминзод Абдулмаҷид бо раиси кулли ширкати қатарии “Qatari Diar” Абдуллоҳ ал-Аттия ва ҳайати ҳамроҳи он баргузор гардид. Бино ба иттилои […]

Ширкати Qatari Diar-и Қатар, ки шаҳраки “Диёри Душанбе”-ро месозад, ба иштирок дар дигар лоиҳаҳоси сармоягузорӣ дар Тоҷикистон тавааҷуҳ дорад.

Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон чанде қабл вохӯрии муовини якуми Раиси Кумита Муминзод Абдулмаҷид бо раиси кулли ширкати қатарии “Qatari Diar” Абдуллоҳ ал-Аттия ва ҳайати ҳамроҳи он баргузор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, зимни вохурӣ масоили вобаста ба татбиқи минбаъдаи марҳилаҳои дигари лоиҳаи “Диёри Душанбе”, ки бо сармоягузории ширкати қатарии “Qatari Diar” амалӣ гардида истодааст, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Муминзод Абдулмаҷид ба ҳайат доир ба фазои сармоягузории ҷумҳурӣ иттилоъ дода, ҳамзамон аз ҳайати қатарӣ барои иштирок дар дигар лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон даъват ба амал овард.

Гуфта мешавад, дар навбати худ Абдуллоҳ ал-Аттия омодагии ширкатро ҷиҳати татбиқи пурраи лоиҳаи болозикр иброз намуда, инчунин ҷиҳати иштирок дар дигар лоиҳаҳои сармоягузорӣ изҳори ҳавасмандӣ намуд.

Зикр мегардад, ки лоиҳаи “Диёри Душанбе” тибқи Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳавасмандкунӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ, ки 25 августи соли 2011 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, амалӣ шуда истодааст.

Ҳаҷми умумии сармоягузории мустақими барои татбиқи лоиҳа пешбинишаванда 300 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Лоиҳа моҳи октябри соли 2012 оғоз гардида, анҷоми татбиқи он дар моҳи  сентябри соли 2023 пешбинӣ шудааст.

Мутобиқи лоиҳа дар масоҳати умумии 68 000 метри мураббаъ кӯчаи ба номи Нурулло Ҳувайдуллоеви шаҳри Душанбе аз тарафи ҶДММ “Қатари Диар Реал Истейт Инвестмент Компани Тоҷикистон” 11 бино аз ҷумла: 5  бинои истиқоматӣ иборат аз 400 утоқ бо марказҳои савдо ва истгоҳи зеризаминӣ, 1 бинои меҳмонхонаи 5 ситора иборат аз 65 утоқ, 1 бинои аппартмент барои хизматрасонӣ иборат аз 100 утоқ, 3 бинои офис ва марказҳои савдо бо истгоҳи зеризаминӣ ва 1 бинои кудакистон ба истифода дода мешавад.

Давраи аввали лоиҳа, ки сохтмони 1 бинои истиқоматӣ ва 1 бинои маъмуриро дар бар мегирифт бо сармоягузории  65 млн. долл. ИМА ба итмом расидааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.