Дар ширкати мобилии Tcell нуқсу камбудиҳои техникиро сабаб оварда, аз муштариёни худ маъзарат мехоҳанд.
Тақрибан соати 17:00-и дирӯз интернет аз Tcell қатъ шуд. Каме баъдтар алоқаи мобилӣ ҳам қатъ шуд. Айни замон низ ин ҳолат давом дорад. Муштариёни ширкат танҳо ба ҳамдигар занг зада метавонанд, дастрасӣ ба дигар ширкатҳои мобилӣ ва телефонҳои корхонаҳову хонагӣ ғайриимкон аст.
Маркази хизматгузорӣ (Сall-center)-и ширкат дастнорас ва ҷавоб намедиҳад, дар сомонаи расмӣ низ ҳеҷ маълумоте дар ин хусус нашр нашудааст.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аллакай навиштаҳои норозигӣ ва нохушнудӣ аз ин вазъ пайдо шуданд. Завқибек Саидаминӣ дар саҳифиаи фейсбукиаш менависад: “Агар мушкиле дар Шумо бошад, илтимос аққалан паёмак (sms) фиристода, муштариёнро огоҳ кунед. То кай муштариёнро ҳеҷ мешуморед…?”
Tamara Kasiynova аз он норозигӣ изҳор мекунад, ки ба маркази хизматгузорӣ тамос гирифта наметавонад ва шояд раҳбарияти ширкатро лозим аст, ки сабаби мушкил ва вақти рафъи онро хабар диҳанд.
Ба гуфтаи мутахассиси шуъбаи робита бо ҷомеаи ширкат Олга Завялова, ин ҳолат “ба нуқсону камбудиҳои техникӣ рабт дошта, дар фурсати наздиктарин бартараф карда мешавад”.
Айни замон дар худи ширкат низ алоқа вуҷуд надорад ва маҳз бо ҳамин сабаб раҳбарияти Tcеll ба нашри эълони дахлдор дар сомонааш имкон надорад. Бо ҳамин сабаб ирсоли паёмак (смс) низ ғайриимкон мебошад.
Маркази хизматрасонӣ (Call-center) фаъолият дорад, лекин чун ба як оператор айни замон 900 муштарӣ рост меояд, тамос гирифтан бо ширкат хеле душвор аст.
Ба қавли як манбаъ дар ширкат, ки нахост ному насабаш ифшо гардад, “мушкил дар ҷониби мо нест, аз ин рӯ, кай ҳал шудани он ҳам маълум нест”.
Олга Завялова итминон медиҳад, ки баҳри ҳалли ҳарчи зудтари мушкил ширкат ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ дода истодааст. “Мо аз ҳамаи муштариёнамон узр пурсида, дархост дорем, ки вазъи моро дарк кунанд”, – қайд кард ӯ.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.



“Пуля в проводах”