Се тоҷикистонии мавриди ҷустуҷӯ барои ифротгароӣ ба ватан баргаштанд

Ду сокини шаҳри Душанбе ва як сокини шаҳри Ҳисор, ки аз ҷониби хадамоти махсуси Тоҷикистон ба иттиҳоми ифротгароӣ ва иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар хориҷи кишвар мавриди ҷустуҷӯ қарор доштанд, баъди чандин суҳбатҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бо наздикони онҳо ба ватан баргаштанд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе зимни суҳбатҳо ба […]

Asia-Plus

Ду сокини шаҳри Душанбе ва як сокини шаҳри Ҳисор, ки аз ҷониби хадамоти махсуси Тоҷикистон ба иттиҳоми ифротгароӣ ва иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар хориҷи кишвар мавриди ҷустуҷӯ қарор доштанд, баъди чандин суҳбатҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бо наздикони онҳо ба ватан баргаштанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе зимни суҳбатҳо ба наздикони онҳо шарҳ дода шуд, ки шаҳрвандоне, ки бо сабаби гумроҳӣ ба сафи ҳизбу ҳаракат ва ташкилотҳои террористиву экстремистӣ шомил гардида, бо мақсади паноҳ бурдан аз ҷазои ҷиноятӣ дар кишварҳои хориҷӣ дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доранд, агар аз кирдорҳои қаблан содирнамудаи худ сидқан пушаймонӣ изҳор намуда, бо хоҳиши худ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ҳозир шаванд, дар ҳолати набудани дигар аломатҳои таркиби ҷиноят дар кирдорҳои онҳо, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд.

Гуфта мешавад, баъди суҳбат дар мақомоти корҳо дохилӣ онҳо озод шуда, айни ҳол дар ҳузури хонавода, хешу табор, падару модар ва ҳамсару фарзандонашон қарор доранд.

Инҳо сокини 54-солаи шаҳри Душанбе Назрӣ Маҳмудов, сокини 34-солаи шаҳри Ҳисор Олимҷон Ҷобиров ва сокини 49-солаи шаҳри Душанбе Бахтиёр Қосимов мебошанд, ки ахирӣ бо ҳамсар ва се фарзанди ноболиғаш ба ватан баргашт.

Зимнан зикр мегардад, ки давомии 10 моҳи соли ҷорӣ танҳо аз ҷониби милитсияи пойтахт 10 нафар сокинони шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои кишвар, ки дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доштанд, бо изҳори пушаймонӣ ва бо хоҳиши худ ба Ватан баргардонида шуда, дар фазои орому осудаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва назди хешу табор ва аҳлу пайвандони худ зиндагии оромро пеш бурда истодаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.