Алоқа аз Tcell дар Тоҷикистон аллакай 17 соат боз кор намекунад

Дар ширкати мобилии Tcell нуқсу камбудиҳои техникиро сабаб оварда, аз муштариёни худ маъзарат мехоҳанд. Тақрибан соати 17:00-и дирӯз интернет аз Tcell қатъ шуд. Каме баъдтар алоқаи мобилӣ ҳам қатъ шуд. Айни замон низ ин ҳолат давом дорад. Муштариёни ширкат танҳо ба ҳамдигар занг зада метавонанд, дастрасӣ ба дигар ширкатҳои мобилӣ ва телефонҳои корхонаҳову хонагӣ ғайриимкон […]

Asia-Plus

Дар ширкати мобилии Tcell нуқсу камбудиҳои техникиро сабаб оварда, аз муштариёни худ маъзарат мехоҳанд.

Тақрибан соати 17:00-и дирӯз интернет аз Tcell қатъ шуд. Каме баъдтар алоқаи мобилӣ ҳам қатъ шуд. Айни замон низ ин ҳолат давом дорад. Муштариёни ширкат танҳо ба ҳамдигар занг зада метавонанд, дастрасӣ ба дигар ширкатҳои мобилӣ ва телефонҳои корхонаҳову хонагӣ ғайриимкон аст.

Маркази хизматгузорӣ (Сall-center)-и ширкат дастнорас ва ҷавоб намедиҳад, дар сомонаи расмӣ низ ҳеҷ маълумоте дар ин хусус нашр нашудааст.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аллакай навиштаҳои норозигӣ ва нохушнудӣ аз ин вазъ пайдо шуданд. Завқибек Саидаминӣ дар саҳифиаи фейсбукиаш менависад: “Агар мушкиле дар Шумо бошад, илтимос аққалан паёмак (sms) фиристода, муштариёнро огоҳ кунед. То кай муштариёнро ҳеҷ мешуморед…?”    

Tamara Kasiynova аз он норозигӣ изҳор мекунад, ки ба маркази хизматгузорӣ тамос гирифта наметавонад ва шояд раҳбарияти ширкатро лозим аст, ки сабаби мушкил ва вақти рафъи онро хабар диҳанд.

Ба гуфтаи мутахассиси шуъбаи робита бо ҷомеаи ширкат Олга Завялова, ин ҳолат “ба нуқсону камбудиҳои техникӣ рабт дошта, дар фурсати наздиктарин бартараф карда мешавад”.

Айни замон дар худи ширкат низ алоқа вуҷуд надорад ва маҳз бо ҳамин сабаб раҳбарияти Tcеll ба нашри эълони дахлдор дар сомонааш имкон надорад. Бо ҳамин сабаб ирсоли паёмак (смс) низ ғайриимкон мебошад.

Маркази хизматрасонӣ (Call-center) фаъолият дорад, лекин чун ба як оператор айни замон 900 муштарӣ рост меояд, тамос гирифтан бо ширкат хеле душвор аст.

Ба қавли як манбаъ дар ширкат, ки нахост ному насабаш ифшо гардад, “мушкил дар ҷониби мо нест, аз ин рӯ, кай ҳал шудани он ҳам маълум нест”.

Олга Завялова итминон медиҳад, ки баҳри ҳалли ҳарчи зудтари мушкил ширкат ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ дода истодааст. “Мо аз ҳамаи муштариёнамон узр пурсида, дархост дорем, ки вазъи моро дарк кунанд”, – қайд кард ӯ.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.