Маълумоти “МегаФон Тоҷикистон” ба донишҷӯён доир ба инкишофи технологияҳои рақамӣ

Иттилоияи расмӣ

«МегаФон Тоҷикистон» бо Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, соҳибкорӣ ва сиёсати Тоҷикистон (ДДҲССТ) дар доираи лоиҳаи иҷтимоӣ-омӯзишии худ таҳти унвони «Ҷавонони оянда» ҳамкориро идома медиҳад. Оператор дар конфронси илмии бахшида ба интернет ширкат варзида имкониятҳои нави технологияҳои рақамиро нишон дод.

Лоиҳаи “Ҷавонони оянда” ба донишҷӯён кӯмак мекунад, ки дар давоми таҳсили худ муваффақиятҳои назарраси барои касбу кори ояндаашон заруриро ба даст оваранд. Лекин чунин маълумотҳо дар ҳаёти ҳаррӯза низ ба кор омада метавонанд. Донишҷӯёни курси якуми факултети телекоммуникатсияҳо ва инноватсияҳо бо таърихи инкишофи Шабакаи ҷаҳонӣ ошноӣ пайдо намуда, оид ба трендҳои муосир ва имконоти нави рақамӣ: консепсияи хонаи доно, пардохти маблағи хизматрасониҳо ба тариқи онлайн ва ғ. маълумотҳо гирифтанд. Баъзеи ин технологияҳо аллакай ба муштариёни “МегаФон Тоҷикистон” дастрас мебошанд.

“Слогани ширкатамонро тағйир дода метавонем чунин гӯем: донишҳо аз ту оғоз меёбанд! Зимни дарсҳои омӯзишӣ ва лексияҳои мо донишҷӯён бисёр донишҳои нав гирифта, дар соҳаи алоқаи мобилӣ, маркетинг, робита бо ҷомеа, имконоти рақамӣ таҷрибаи амалиро ба даст меоранд. Аз ҳама муҳим, барномаи ҳар як дарс бо назардошти маълумоти навин пешбинӣ карда мешавад. Ин ба иштирокчиёни лоиҳа имкон медиҳад, ки донишҳои нисбатан заруриро пайдо намоянд”, – мегӯяд Далер НАИМОВ, роҳбари раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Суғд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...