Маълумоти “МегаФон Тоҷикистон” ба донишҷӯён доир ба инкишофи технологияҳои рақамӣ

«МегаФон Тоҷикистон» бо Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, соҳибкорӣ ва сиёсати Тоҷикистон (ДДҲССТ) дар доираи лоиҳаи иҷтимоӣ-омӯзишии худ таҳти унвони «Ҷавонони оянда» ҳамкориро идома медиҳад. Оператор дар конфронси илмии бахшида ба интернет ширкат варзида имкониятҳои нави технологияҳои рақамиро нишон дод. Лоиҳаи “Ҷавонони оянда” ба донишҷӯён кӯмак мекунад, ки дар давоми таҳсили худ муваффақиятҳои назарраси барои касбу кори […]

Иттилоияи расмӣ

«МегаФон Тоҷикистон» бо Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, соҳибкорӣ ва сиёсати Тоҷикистон (ДДҲССТ) дар доираи лоиҳаи иҷтимоӣ-омӯзишии худ таҳти унвони «Ҷавонони оянда» ҳамкориро идома медиҳад. Оператор дар конфронси илмии бахшида ба интернет ширкат варзида имкониятҳои нави технологияҳои рақамиро нишон дод.

Лоиҳаи “Ҷавонони оянда” ба донишҷӯён кӯмак мекунад, ки дар давоми таҳсили худ муваффақиятҳои назарраси барои касбу кори ояндаашон заруриро ба даст оваранд. Лекин чунин маълумотҳо дар ҳаёти ҳаррӯза низ ба кор омада метавонанд. Донишҷӯёни курси якуми факултети телекоммуникатсияҳо ва инноватсияҳо бо таърихи инкишофи Шабакаи ҷаҳонӣ ошноӣ пайдо намуда, оид ба трендҳои муосир ва имконоти нави рақамӣ: консепсияи хонаи доно, пардохти маблағи хизматрасониҳо ба тариқи онлайн ва ғ. маълумотҳо гирифтанд. Баъзеи ин технологияҳо аллакай ба муштариёни “МегаФон Тоҷикистон” дастрас мебошанд.

“Слогани ширкатамонро тағйир дода метавонем чунин гӯем: донишҳо аз ту оғоз меёбанд! Зимни дарсҳои омӯзишӣ ва лексияҳои мо донишҷӯён бисёр донишҳои нав гирифта, дар соҳаи алоқаи мобилӣ, маркетинг, робита бо ҷомеа, имконоти рақамӣ таҷрибаи амалиро ба даст меоранд. Аз ҳама муҳим, барномаи ҳар як дарс бо назардошти маълумоти навин пешбинӣ карда мешавад. Ин ба иштирокчиёни лоиҳа имкон медиҳад, ки донишҳои нисбатан заруриро пайдо намоянд”, – мегӯяд Далер НАИМОВ, роҳбари раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Суғд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.