Ҳукми суди Хуҷанд ба як гурӯҳ пайравони равияи “Салафия”

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд як гурӯҳи 8-нафарӣ, аз ҷумла як аробакаши бозор ва чаҳор донишҷӯро бо ҷурми тарғиби ақидаҳои ҷараёни мамнӯи "Салафия" ва "хабар надодан ба мақомот" зиндонӣ кард. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, масъулони Додгоҳи Хуҷанд гуфтаанд, Комрон Назмиддинови 18-сола, ки дар бозор аробакашӣ мекард, бо ҳамсоли бекораш Абдуназар Назаров ақидаи "Салафия"-ро пазируфта, […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд як гурӯҳи 8-нафарӣ, аз ҷумла як аробакаши бозор ва чаҳор донишҷӯро бо ҷурми тарғиби ақидаҳои ҷараёни мамнӯи "Салафия" ва "хабар надодан ба мақомот" зиндонӣ кард.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, масъулони Додгоҳи Хуҷанд гуфтаанд, Комрон Назмиддинови 18-сола, ки дар бозор аробакашӣ мекард, бо ҳамсоли бекораш Абдуназар Назаров ақидаи "Салафия"-ро пазируфта, рафиқони ҳамхонаи худро ба қабули ин равия ташвиқ кардаанд.

Ба қавли манбаъ, сабти суҳбати телефонии Назмиддинов, ки дар он яке аз рафиқонашро ба қабули ақидаи равияи "Салафия" даъват мекунад, ҳамчун далели шайъӣ ба парванда илова шудааст. Ин ду нафарро додгоҳ барои "ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ)" ҷиноӣ айбдор дониста, ба 6 соли ҳабс дар зиндони низомаш сангин маҳкум кард.

Додгоҳ шаш рафиқи ҳамхонаи онҳо – Субҳоналӣ Абдуҷабборов, Камолҷон Ахунов, Саидмурод Давлатов, Ҳаитбой Шодмонқулов – донишҷӯёни факултаҳои рӯзноманигорӣ, ҳуқуқ ва таърихи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Далерҷон Самиеви хатмкардаи ин донишгоҳ ва Ғуфрон Неъматовро, ки бекор будааст, барои "хабар надодан" ба 6 моҳи ҳабс дар зиндони дорои низомаш умумӣ маҳкум кард. Қарори додгоҳ рӯи 20-уми ноябр содир шуда, ҳанӯз ба иҷро надаромадааст.

Комрон Назмиддиновро мақомоти амниятӣ охирҳои моҳи июн ва Абдуназар Назаровро моҳи август дастгир карданд. Додгоҳ мегӯяд, шаш узви дигари ин гурӯҳ замони тафтиши парванда ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зисти худ дар озодӣ қарор доштанд.

Ин ҳашт ҷавони аз 18 то 30-сола дар мурофиаи додгоҳӣ гуфтаанд, ки хонаи иҷораро ба хотири арзон афтодан якҷоя гирифта буданд ва моҳе ҳар кадом 100 сомонӣ пардохт мекарданд.

Ҷараёни тозапайдои "Салафия", ки фаъолияташ аз соли 2009 дар Тоҷикистон мамнӯъ аст, охири соли 2014 бо қарори Додгоҳи олии кишвар созмони экстремистӣ эълон шуд. Бино ба иттилои мақомоти Тоҷикистон, дар соли 2017 додгоҳҳо даҳҳо парвандаи муттаҳамон ба терроризму эктремизмро баррасӣ кардаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Ҷонибҳо ба густариши ҳамкорӣ дар сармоягузорӣ ва бунёди корхонаҳои муштарак ҳавасманданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.