Музди меҳнати муҳоҷирони тоҷик 28 фоиз боло рафта метавонад

Asia-Plus

Роҳбари Маркази таҳқиқоти ҳамгиройии Бонки аврусоиёии рушд (БАОР) Андрей Петросян бар ин назар аст, ки узвият дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) барои Тоҷикистон самараи хуб хоҳад дод.

“Афзалияти асосии узвият ба Иттиҳод барои Тоҷикистон, ки базудӣ самар медиҳад, бозори ягонаи кори ИИАО мебошад. Муҳоҷирони тоҷик ба бозори умумии меҳнат пайваста, ҳаҷми интиқоли пул дубора меафзояд. Музди меҳнати муҳоҷирони тоҷик қисман ба маоши шаҳрвандони Русия ва Қазоқистон наздик мешавад”, – изҳор доштааст Петросян санаи 22 ноябр дар Конфронси байнулмилалии “Ҳамгиройии иқтисодии авруосиёӣ” дар шаҳри Маскав.

Тибқи арзёбии БАОР, баъди узвияти Тоҷикистон ба ИИАО музди меҳнати муҳоҷирони кории тоҷик аз 9 то 28% ва ҳаҷми интиқоли пул аз ҷониби онҳо – 15-25%-ро ташкил хоҳад дод.

Петросня қайд кардааст, ки дар мавриди узвият ба Иттиҳод Тоҷикистон масъаларо ҳамаҷониба бо тамоми ҷузъиёташ мавриди омӯзиш қарор дода, аз ягон ҷониб фишор вуҷуд надорад.

“Дарки паҳлӯҳои манфӣ ва мусбати ин амал ва фаъолияти иштирокчии имконпазири нав, ҳамчунин гуфтушуниду қарордодҳо оид ба марҳилаи гузариш зарур аст”, – иброз доштааст ӯ.

Намояндаи БАОР таъкид доштааст, ки ҷараёни баррасии масъалаи узвияти Тоҷикистон ба Иттиҳод аз соли 2015 идома дошта, баъди фаъолияти кофии гурӯҳи корӣ назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, тирамоҳи соли 2016 масъала ба баррасии ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод шудааст.

Петросян узвияти Ӯзбекистонро низ ба Иттиҳод аз лиҳози манфиатҳои геополитикиии кишварҳои паҳнои Авруосиёи мувофиқи мақсад ва мантиқӣ унвон кардааст.

“Ҷалби Ӯзбекистон ба паҳнои ҳамгиройии ИИАО бо тавсеъаи имконоти истифодаи меҳнат ва сармоя ба минтақа ҷиҳати фаъолияти беҳтар пурсамар дар бозори беруна имкон фароҳам меоварад. Дар ин ҳолат бамаврид аст, ки бигӯем: ҳаҷм муҳим аст”, – илова кардааст намояндаи Бонки авруосиёии рушд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...