Бинокорони иншооти Роғун дар соҳилҳои дарёи Вахш ба наздикӣ эълон мешаванд

Сохтмони иншооти зеризаминии нерӯгоҳи Роғун дар соҳилҳои чап ва рости дарёи Вахш пас аз интихоби паймонкор оғоз мегардад. “Лоиҳакаши ин иншоот аллакай маълум буда, паймонкорон баъдтар интихоб мешаванд”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ҶСК “НБО Роғун”. Бино ба иттилои манбаъ, баргузории корҳои зеризаминӣ дар соҳилҳои дарё,  аз ҷумла иборат аз бунёди нақбҳои таъиноти гуногун […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Сохтмони иншооти зеризаминии нерӯгоҳи Роғун дар соҳилҳои чап ва рости дарёи Вахш пас аз интихоби паймонкор оғоз мегардад.

“Лоиҳакаши ин иншоот аллакай маълум буда, паймонкорон баъдтар интихоб мешаванд”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ҶСК “НБО Роғун”.

Бино ба иттилои манбаъ, баргузории корҳои зеризаминӣ дар соҳилҳои дарё,  аз ҷумла иборат аз бунёди нақбҳои таъиноти гуногун дар доираи марҳилаҳои 3 ва 4-уми сохтмони нерӯгоҳ пешбинӣ шудааст.

Ғолибони лотҳои сеюм ва чорум тавассути баргузории тендери байнулмилалӣ оид ба сохтмони иншооти нерӯгоҳи Роғун интихоб карда мешаванд. Дар бораи арзиши ин корҳо алҳол маълумот дода намешавад.

Ёдрас мекунем, ки соли 2016 “Дар бораи лоиҳакашӣ, харид ва сохтмони иншооти НБО Роғун” аз рӯи ду лот тендери байнулмилалии гузаронида шуд.

Дар лоти якум хариди таҷҳизот пешбинӣ гардида, ба ин корҳо бо ҷалби паймонкорони фаръии ватанӣ ва хориҷӣ худи фармоишгар (ҶСК “НБО Роғун”) машғул аст.

Ғолиби лоти дуюм ширкати итолиёвии Salini Impregilo дониста шуд, ки то имрӯз бунёди сарбанди нерӯгоҳро то баландии қариб 80 метр расонидааст. Дар маҷмӯъ баландии сарбанд 335 метрро ташкил хоҳад дод.

Маблағи умумии иҷрои корҳо дар ҳамаи чор лот 3,9 млрд. доллар арзёбӣ мешавад. Аз ҷумла, маблағи лоти дуюм, ки дар он сохтмони сарбанд пешбинӣ шудааст, ба 1 млрд. 950 млн. доллар баробар аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.