Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ барзиёд иҷро шуд

Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба санаи 22 ноябр барзиёд иҷро ва 101%-ро ташкил медиҳад, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон майор Ориф Нозимов. Айни замон тақсимоти наваскарон ба қисмҳои низомӣ ва воҳидҳои ҳарбӣ идома дошта, аксари даъватшудагон аллакай савганд ёд кардаанд ва дар […]

Наим Халимов

Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба санаи 22 ноябр барзиёд иҷро ва 101%-ро ташкил медиҳад, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон майор Ориф Нозимов.

Айни замон тақсимоти наваскарон ба қисмҳои низомӣ ва воҳидҳои ҳарбӣ идома дошта, аксари даъватшудагон аллакай савганд ёд кардаанд ва дар давраҳои омӯзишии сарбози ҷавон малакаҳои ҳарбӣ меомӯзанд.

Соли ҷорӣ афзоиши шумори ҷавононе, ки ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ омадаанд, ба мушоҳида расид. Аз ҷумла, дар вилояти Суғд 1000 нафар ҷавонон ихтиёрӣ ба хизмати ватан рафтанд.

Соли равон Комиссияи ҷумҳуриявии даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳро муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим роҳбарӣ мекунад.

Маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон 1-уми октябр оғоз гардида, то 30-юми ноябр идома меёбад. Ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ  шаҳрвандони синнусоли аз 18 то 27-сола, ки барои мавқуф гузоштани хизмат ё озод шудан аз он ҳуқуқ надоранд, даъват карда мешаванд.

Мебояд гуфт, ҳамасола ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар тақрибан 15-16 ҳазор нафар даъват карда мешаванд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 600 ҳазор нафар ҷавонони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ ба сар мебаранд, аммо ҳудуди 150 ҳазор нафари онҳо мӯҳлати хизматашонро мавқуф гузоштаанд ё аз хизмат озод карда шудаанд ва ё барои хизмати ҳарбӣ коршоям нестанд. Боз ҳудуди 100 ҳазор нафар шаҳрвандони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбии Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд.

Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз се навъи ҷузъу том – Қушӯнҳои зудамал, хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ иборат аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Ҷонибҳо ба густариши ҳамкорӣ дар сармоягузорӣ ва бунёди корхонаҳои муштарак ҳавасманданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.