Таъсиси Маркази ягонаи хизматрасонӣ ба соҳибкорон ва сармоягузорон дар Тоҷикистон

Asia-Plus

Дар Тоҷикистон таъсис додани Маркази ягона барои хизматрасонии соҳибкорону сармоягузорон ба нақша гирифта шудааст. Ҳадафи таъсиси маркази мазкур дастгирии тиҷорат ва пешниҳоди хизматгузории хушсифат бо усули “равзанаи ягона” унвон мешавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ, ҳафтаи гузашта таҳти роҳбарии муовини Раиси Кумита Нигина Анварӣ дар толори хурди Кумитаи дар мавзӯи ташкили “Маркази ягона барои хизматрасонии соҳибкорону сармоягузорон”, ки ҳадафи он муосирнамоии хизматрасониҳои давлатӣ мебошад, чаласа баргузор гардид.

Гуфта мешавад, чорабинии мазкур бо мақсади дар самти баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ, муосиргардонии хизматрасонии давлатӣ оид ба гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, бақайдгирии амволи ғайриманқул, амалиёти содироту воридот ва транзит, ҷараёни роҳандозии хизматрасониҳои электронии давлатӣ, ба шакли электронӣ гузаронидани ҳуҷҷатгузорӣ ва муосиргардонии махзани маълумоти мақомоти танзими давлатӣ ташкил карда шуд.

Дар кори ҷаласа намояндагони Агентии омор, вазоратҳои корҳои дохилӣ, рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва захираҳои об, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,          Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, кумитаҳои андоз, ҳифзи муҳити зист, бехатарии озуқаворӣ, меъморӣ ва сохтмон, Хадамоти гумрук, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Тоҷикистон” ва дигар масъулон ҳузур доштанд.

Зимнан зикр мегардад, ки мақсад аз таъсиси Маркази ягона барои хизматрасонии соҳибкорону сармоягузорон дар фазои ягона муттамарказ намудани сохторҳои давлатии танзимкунандаи фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ буда, ҷузъи ҷудонашавандаи Ҳукумати электронӣ мебошад.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки дар як вақт марказ фаъолияти соҳибкориро содда намуда, дар навбати худ метавонад ба ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва фаъолгардии фаъолияти иқтисоди беруна мусоидат намояд, ки ба нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таъсири мусбӣ дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...