Бокс метавонад мақоми олимпии худро аз даст диҳад

Дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) дар шаҳри Токио тасмим гирифта шуд, ки бокс аз рӯйхати Бозиҳои олимпии Токио-2020 муваққатан ҳазф карда шавад. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ин тасмим пас аз он гирифта шуд, ки ҳудуди як моҳ пеш соҳибкори ӯзбек Ғафур Раҳимов президенти Анҷумани байнулмилалии бокс (AIBA) интихоб гашт. […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) дар шаҳри Токио тасмим гирифта шуд, ки бокс аз рӯйхати Бозиҳои олимпии Токио-2020 муваққатан ҳазф карда шавад.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ин тасмим пас аз он гирифта шуд, ки ҳудуди як моҳ пеш соҳибкори ӯзбек Ғафур Раҳимов президенти Анҷумани байнулмилалии бокс (AIBA) интихоб гашт. Номи Раҳимов дар рӯйхати таҳримшудаҳои Вазорати молияи ИМА қарор дорад.

Дар ҳоли ҳозир, КБО зидди Анҷумани байнулмилалии бокс тафтишотро оғоз карда, тасмими ниҳоӣ пас аз эъломи натоиҷи он гирифта хоҳад шуд. Як гурӯҳ аз Кумитаи иҷроияи КБО ба раҳбарии Ненад Лалович фаъолияти AIBA-ро месанҷанд.

Ба гуфтаи нозирони мустақил, эҳтимол аст, AIBA аз узвияти КБО хориҷ шуда, бокс мақоми олимпии худро аз даст диҳад.

Вазорати молияи ИМА номи Раҳимовро ба далели иртиботи ӯ бо “мафияи фаромиллӣ” ба рӯйхати таҳримшудаҳо шомил кардааст. Раҳимов дар замони раҳбарии президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримов таҳти пайгарди қонун қарор дошт. Вале бо сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев номи ӯ аз рӯйхати ҷустуҷӯшавандаҳо берун карда шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?