Таъсиси Маркази ягонаи хизматрасонӣ ба соҳибкорон ва сармоягузорон дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон таъсис додани Маркази ягона барои хизматрасонии соҳибкорону сармоягузорон ба нақша гирифта шудааст. Ҳадафи таъсиси маркази мазкур дастгирии тиҷорат ва пешниҳоди хизматгузории хушсифат бо усули “равзанаи ягона” унвон мешавад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ, ҳафтаи гузашта таҳти роҳбарии муовини Раиси Кумита Нигина Анварӣ дар толори хурди […]

Дар Тоҷикистон таъсис додани Маркази ягона барои хизматрасонии соҳибкорону сармоягузорон ба нақша гирифта шудааст. Ҳадафи таъсиси маркази мазкур дастгирии тиҷорат ва пешниҳоди хизматгузории хушсифат бо усули “равзанаи ягона” унвон мешавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ, ҳафтаи гузашта таҳти роҳбарии муовини Раиси Кумита Нигина Анварӣ дар толори хурди Кумитаи дар мавзӯи ташкили “Маркази ягона барои хизматрасонии соҳибкорону сармоягузорон”, ки ҳадафи он муосирнамоии хизматрасониҳои давлатӣ мебошад, чаласа баргузор гардид.

Гуфта мешавад, чорабинии мазкур бо мақсади дар самти баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ, муосиргардонии хизматрасонии давлатӣ оид ба гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, бақайдгирии амволи ғайриманқул, амалиёти содироту воридот ва транзит, ҷараёни роҳандозии хизматрасониҳои электронии давлатӣ, ба шакли электронӣ гузаронидани ҳуҷҷатгузорӣ ва муосиргардонии махзани маълумоти мақомоти танзими давлатӣ ташкил карда шуд.

Дар кори ҷаласа намояндагони Агентии омор, вазоратҳои корҳои дохилӣ, рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва захираҳои об, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,          Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, кумитаҳои андоз, ҳифзи муҳити зист, бехатарии озуқаворӣ, меъморӣ ва сохтмон, Хадамоти гумрук, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Тоҷикистон” ва дигар масъулон ҳузур доштанд.

Зимнан зикр мегардад, ки мақсад аз таъсиси Маркази ягона барои хизматрасонии соҳибкорону сармоягузорон дар фазои ягона муттамарказ намудани сохторҳои давлатии танзимкунандаи фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ буда, ҷузъи ҷудонашавандаи Ҳукумати электронӣ мебошад.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки дар як вақт марказ фаъолияти соҳибкориро содда намуда, дар навбати худ метавонад ба ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва фаъолгардии фаъолияти иқтисоди беруна мусоидат намояд, ки ба нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таъсири мусбӣ дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.