БОР баҳри беҳбуди солимии модару кӯдак дар Тоҷикистон 32 млн. доллар ҷудо мекунад

Asia-Plus

Бонки осиёгии рушд (БОР) грантро дар ҳаҷми 32 млн. доллар баҳри беҳбуд бахшидан ба хиҳматрасониҳои тандурустӣ дар се ноҳияи Тоҷикистон – Файзободу Рашт ва Шамсиддини Шоҳин маъқул шуморид.

Арзиши умумии лоиҳа 35,2 млн. долларро ташкил дода, ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон дар он 3,2 млн. долларро ташкил медиҳад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз намояндагии БОР дар Душанбе.

Лоиҳаи беҳбуди солимии модару кӯдак ба ҳалли мушкилоти асосии бахши тандурустии Тоҷикистон, аз қабили маблағгузории нокофӣ, зербинои кӯҳнашуда, норасоии ҳайати тиббии касбӣ, бахусус дар деҳот кумак мекунад.

Дар доираи лоиҳа зербино ва таҷҳизот дар беморхонаҳои марказӣ ва марказҳои солимии деҳот таҷдид шуда, ба баланд бардоштани сатҳи огаҳӣ ва рафтор нисбати масоили солимӣ байни аҳолӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад.

Дар чаҳорчӯби лоиҳа ҳамчунин дастгирии талошҳои ҷумҳурӣ дар самти ташкил кардани низоми миллии идоракунии таҷҳизот пешбинӣ шудааст. Анҷоми амалисозии лоиҳа соли 2025 дар назар аст.

“Аҳолии солим барои рушду инкишофи Тоҷикистон бағоят муҳим аст, аммо барои ин хизматрасониҳои хушсифат ва дастрас дар соҳаи тандурустӣ заруранд, бахусус барои модарону кӯдакон”, – қайд кардааст сармутахассиси БОР оид ба тандурустӣ Роузел Лавадо.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...