Таркиши баллони газ дар Душанбе ва осеби одамон

Наздики соати яки имрӯз дар яке аз фурӯшгоҳҳои корхонаи дӯзандагии “Дунёи нав” дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт таркиш ба амал омад. Тавре ба “Азия-Плюс” аз Раёсати оташнишонии ВКД дар шаҳри Душанбе хабар доданд, таркиш дар маҳаллаи 63-юми пойтахт дар яке аз мағозаҳои фурӯши қисмҳои эҳтиётии автомашинаҳо рух додааст. “Бино ба маълумоти пешакӣ, дар ин мағоза баллони […]

Наздики соати яки имрӯз дар яке аз фурӯшгоҳҳои корхонаи дӯзандагии “Дунёи нав” дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт таркиш ба амал омад.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Раёсати оташнишонии ВКД дар шаҳри Душанбе хабар доданд, таркиш дар маҳаллаи 63-юми пойтахт дар яке аз мағозаҳои фурӯши қисмҳои эҳтиётии автомашинаҳо рух додааст.

“Бино ба маълумоти пешакӣ, дар ин мағоза баллони газ таркидаааст. Кормандони милитсия ва хадамоти оташнишонӣ дар ҷойи ҳодиса машғули коранд”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз мақомоти милитсия.

Ба гуфтаи манбаъ, шумори осебдидагон алҳол маълум набуда, аммо се нафар бо захмҳои сӯхта дар бемористони “Истиқлол” бистарӣ шудаанд.

Зимнан зикр гардид, ки сабаби дақиқ, шумори осебдидагон ва ҳаҷми зиёни расида аз ин ҳодиса муайян карда мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".