БОР баҳри беҳбуди солимии модару кӯдак дар Тоҷикистон 32 млн. доллар ҷудо мекунад

Бонки осиёгии рушд (БОР) грантро дар ҳаҷми 32 млн. доллар баҳри беҳбуд бахшидан ба хиҳматрасониҳои тандурустӣ дар се ноҳияи Тоҷикистон – Файзободу Рашт ва Шамсиддини Шоҳин маъқул шуморид. Арзиши умумии лоиҳа 35,2 млн. долларро ташкил дода, ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон дар он 3,2 млн. долларро ташкил медиҳад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз намояндагии БОР дар Душанбе. […]

Бонки осиёгии рушд (БОР) грантро дар ҳаҷми 32 млн. доллар баҳри беҳбуд бахшидан ба хиҳматрасониҳои тандурустӣ дар се ноҳияи Тоҷикистон – Файзободу Рашт ва Шамсиддини Шоҳин маъқул шуморид.

Арзиши умумии лоиҳа 35,2 млн. долларро ташкил дода, ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон дар он 3,2 млн. долларро ташкил медиҳад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз намояндагии БОР дар Душанбе.

Лоиҳаи беҳбуди солимии модару кӯдак ба ҳалли мушкилоти асосии бахши тандурустии Тоҷикистон, аз қабили маблағгузории нокофӣ, зербинои кӯҳнашуда, норасоии ҳайати тиббии касбӣ, бахусус дар деҳот кумак мекунад.

Дар доираи лоиҳа зербино ва таҷҳизот дар беморхонаҳои марказӣ ва марказҳои солимии деҳот таҷдид шуда, ба баланд бардоштани сатҳи огаҳӣ ва рафтор нисбати масоили солимӣ байни аҳолӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад.

Дар чаҳорчӯби лоиҳа ҳамчунин дастгирии талошҳои ҷумҳурӣ дар самти ташкил кардани низоми миллии идоракунии таҷҳизот пешбинӣ шудааст. Анҷоми амалисозии лоиҳа соли 2025 дар назар аст.

“Аҳолии солим барои рушду инкишофи Тоҷикистон бағоят муҳим аст, аммо барои ин хизматрасониҳои хушсифат ва дастрас дар соҳаи тандурустӣ заруранд, бахусус барои модарону кӯдакон”, – қайд кардааст сармутахассиси БОР оид ба тандурустӣ Роузел Лавадо.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.