Муҷозот барои воридоти маҳсулоти пастсифат ба ҷумҳурӣ

Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи тағйироту иловаҳоро ба Кодекси кишвар “Дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ”, ки дар онҳо барои воридоти маҳсулоти хӯрокворӣ ва доурувории пастсифату муҳлати истифодааш гузашта муҷозот пешбинӣ шудааст, ҷиҳати баррасӣ ба палатаи поёнии парлумон фиристод. Мувофиқи лоиҳаи пешниҳодшуда, барои воридоти маҳсулот ва доувории тиббии пастсифат ба кишвар шахсони мансабдор ба маблағи аз 7,5 то 10 […]

Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи тағйироту иловаҳоро ба Кодекси кишвар “Дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ”, ки дар онҳо барои воридоти маҳсулоти хӯрокворӣ ва доурувории пастсифату муҳлати истифодааш гузашта муҷозот пешбинӣ шудааст, ҷиҳати баррасӣ ба палатаи поёнии парлумон фиристод.

Мувофиқи лоиҳаи пешниҳодшуда, барои воридоти маҳсулот ва доувории тиббии пастсифат ба кишвар шахсони мансабдор ба маблағи аз 7,5 то 10 ҳазор сомонӣ ҷарима мешаванд.

Ҳаҷми ҷарима барои содир шудани чунин амал аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ аз 25 ҳазор то 35 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҷумҳурӣ.

Ғайр аз ин, агар чунин амал такроран содир шавад, пас ҳаҷми ҷарима барои шахсони мансабдор – аз 25 то 50 ҳазор сомонӣ ва барои шахсони ҳуқуқӣ – аз 35 ҳазор то 50 ҳазор сомонӣ муқаррар гардидааст.

Дар ҳарду ҳолат маҳсулоти пастсифат ё муҳлати истифодааш гузаштаи ошкоршуда мусодира ва нобуд карда мешавад.

Айни замон барои воридоти маҳсулот ва дорувории пастсифат танҳо мусодираи он сурат гирифта, ҷазо муқаррар нашудааст.

Қобили зикр аст, ки охири моҳи ноябри соли гузашта президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ҳукумат аз сатҳи сифати маҳсулоти хӯроквории воридотӣ, аз ҷумла гӯшти мурғ нигаронӣ изҳор намуд.

«Кӣ ба марги кӯдаки аз ҳасиби истеҳсоли маҳаллӣ заҳролудшуда ҷавоб мегӯяд? Мувофиқи натиҷаи санҷишҳо, сабабаш он аст, ки 90 фоизи маҳсулоти гӯштӣ ба қоидаҳои санитарӣ ва меъёрҳои қабулшуда ҷавобгӯ нестанд», – изҳор дошт Президент зимни ироаи Паёми ҳамасола ба парлумони кишвар.

Он замон бо ин сабаб бинобар беэътиноӣ зоҳир кардан ба вазифаҳои ишғолкарда ва беназоратӣ нисбат ба воридоти маҳсулоти пастсифати хӯрока, директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди ҳукумати ҶТ  Ибодулло Қурбониён, Хадамоти назорати байтории Вазорати кишоварзии ҶТ Шералӣ Вазиров ва Хадамоти назорати давлатии санитариву эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Холмуҳаммад Каримзода аз вазифа озод карда шуданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.