Қатъи дастрасӣ ба сомонаҳои иттилоотӣ дар Тоҷикистон. Бори навбатӣ

Дастрасӣ ба сомонаҳои иттилоотӣ, аз ҷумла сомонаи гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» – www.news.tj дар Тоҷикистон бори навбатӣ қатъ шуд. Корбарони шабакаи интернет дар Тоҷикистон шикоят доранд, ки аллакай рӯзи дуюм аст, ки ба сомонаҳои иттилоотии “Азия-Плюс” ва Радиои Озодӣ ворид шуда наметавонанд. “Аз нимаи дуюми дирӯз ба сомонаи “Азия-Плюс” дастрасӣ пайдо карда наметавонам. Сомонаи Радиои Озодӣ […]

Дастрасӣ ба сомонаҳои иттилоотӣ, аз ҷумла сомонаи гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» – www.news.tj дар Тоҷикистон бори навбатӣ қатъ шуд.

Корбарони шабакаи интернет дар Тоҷикистон шикоят доранд, ки аллакай рӯзи дуюм аст, ки ба сомонаҳои иттилоотии “Азия-Плюс” ва Радиои Озодӣ ворид шуда наметавонанд.

“Аз нимаи дуюми дирӯз ба сомонаи “Азия-Плюс” дастрасӣ пайдо карда наметавонам. Сомонаи Радиои Озодӣ чанд рӯз номураттаб дастрас буд, вале имрӯз дастрасӣ тамоман қатъ гашт”, – мегӯяд Норис Шарофов, корбари фаъоли интернет.

Дар ҳамин ҳол, чанде аз корбарон хабар медиҳанд, ки сомонаи Радиои Озодӣ дар онҳо боз мешавад.

Дар Хадамоти алоқаи Тоҷикистон қатъи ҳозираи дастрасӣ ба порталҳои иттилоотиро шарҳу тавзеҳ намедиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, дастрасӣ ба сомонаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ Facebook, ОК, VK ва YouTube имконпазир мебошад.

Дастрасӣ ба сомонаи гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ҳамагӣ чанде пеш, 16 ноябр рӯзи мавриди баҳрабардорӣ қарор додани агрегати якуми нерӯгоҳи Роғун имконпазир гардид. Ҳамон рӯз шабакаҳои писандидаи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон низ дастрас шуданд.

Шурӯъ аз тобистони соли равон дастрасӣ ба портали иттилоотии “Азия-Плюс”аллакай се маротиба қатъ мешавад. Қатъи аввал ба муҳлати беш аз ду моҳ ба давраи тафтиши амали террористӣ дар Данғара, ки дар он сайёҳони хориҷиии велосипедрон ба ҳалокат расиданд, рост омад.

Қатъи дуюм 6 ноябр сурат гирифта, 10 рӯз идома ёфт. Ба дархостҳои расмии “Азия-Плюс” операторони мобилӣ ва ширкатҳои фароҳамсози интернет (провайдерон) хабар медоданд, ки қатъи дастрасӣ аз ҷониби онҳо сурат намегирад.

Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон дар посухи расмии худ ба дархости “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки “аз ҷониби Маркази ягонаи коммутатсионӣ дастрасӣ ба ин сомона қатъ нашудааст”.

Дар ҳамин ҳол, ба идораи “Азия-Плюс” дар бораи сабаби қатъи дастрасӣ ба сомона ҳеҷ гуна шарҳи расмӣ ё ғайрирасмӣ нарасидааст.

Ба гуфтаи коршиносон, ба ҷуз Хадамоти алоқа, аз чанде қабл баъзе сохторҳои қудратӣ низ ба қатъи дастрасӣ ба сомонаҳо дар Тоҷикистон имкон пайдо кардаанд.

Роҳу воситаҳои дастрасӣ ба сомонаи “Азия-Плюс”

Сомонаи мо бори навбатӣ дастнорас шуд, вале ин маънои онро надорад, ки мо кор намекунему дастнорас ҳастем.

Хабарҳои моро дар саҳифаамон дар Фейсбук бо ин суроға мутолиа карда метавонед: https://www.facebook.com/newstj/https://www.facebook.com/newstj/.

Ҳамаи хабарҳоро метавон дар телеграм-канали мо https://t.me/asiaplushttps://t.me/asiaplus мутолиа кард (обуна ба канал осон аст, ҳамаи хабарҳоро метавон мустақиман аз он хонд, қатъи дастрасӣ ба он дахл надорад).

Агар хостори истироҳат аз сиёсат ва дигар маводи ҷиддӣ бошед, ба Дзен канали мо https://zen.yandex.ru/id/5b518f959a626100a922458a обуна шавед.

Агар хабарҳоро кӯтоҳ бо сурати хуб хонданӣ бошед, ба канали мо дар Инстаграм https://www.instagram.com/asiaplustj/ обуна шавед.

Дар шабакаи Одноклассники низ канали алоҳида дорем: https://ok.ru/asiaplushttps://ok.ru/asiaplus.

Миннатпазирем, ки бо моед!

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.