Милитсионерҳо маркази Душанберо аз партов тоза карданд

Asia-Plus

Кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД дар қаламрави хиёбони Рӯдакӣ шанбегӣ гузарониданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар партави сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба доир намудани корҳои ободонию созандагӣ, тозаву озода ва сабзу хуррам гардонидани муҳити зист, роҳбарияти ВКД низ пайваста чорабиниҳои мақсаднок доир менамоянд.

“Бо ин мақсад бо ташаббуси роҳбарияти ВКД бо мақсади тоза намудани гирду атрофи роҳравҳои марказии шаҳри Душанбе аз ҳар гуна партовҳо, аз ҷумла аз баргҳои хушкшудаи дарахтон кормандони Хадамот дар якҷоягӣ бо ҷавонони фаъоли литсейҳои касбӣ-техникии шаҳри Душанбе дар хиёбони Рӯдакӣ чорабинии мақсаднок доир намуданд”, – омадааст дар хабари ВКД.

Гуфта мешавад, чорабинии мазкур бо роҳбарии Сардори Хадамот полковники милитсия Фаттоҳзода Абдусаттор Абдуқаҳор ба роҳ монда шуда, дар он наздики 200-нафар иштирок намуданд.

“Кормандони Хадамоти мазкур ва ҷавонони фаъол бо рӯҳияи баланди ватандӯстона ба гурӯҳҳо тақсим шуда, бо кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансур ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе роҳравҳои хиёбони Рӯдакиро оғоз аз Пайкараи Шоҳ Исмоили Сомонӣ то Маркази савдои «Садбарг» аз баргҳои хушкшудаи дарахтон ва дигар партовҳо тоза намуданд”, – қайд мешавад дар хабар.

Зимнан зикр мегардад, ки чунин корҳои созанда агар аз як ҷихат ба симои зоҳирии пойтахти кишвар ҳусн зам намояд, аз ҷониби дигар фазои экологии кишварро софу беғубор менамояд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...