Милитсионерҳо маркази Душанберо аз партов тоза карданд

Кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД дар қаламрави хиёбони Рӯдакӣ шанбегӣ гузарониданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар партави сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба доир намудани корҳои ободонию созандагӣ, тозаву озода ва сабзу хуррам гардонидани муҳити зист, роҳбарияти ВКД низ пайваста чорабиниҳои мақсаднок доир менамоянд. “Бо ин […]

Кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД дар қаламрави хиёбони Рӯдакӣ шанбегӣ гузарониданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар партави сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба доир намудани корҳои ободонию созандагӣ, тозаву озода ва сабзу хуррам гардонидани муҳити зист, роҳбарияти ВКД низ пайваста чорабиниҳои мақсаднок доир менамоянд.

“Бо ин мақсад бо ташаббуси роҳбарияти ВКД бо мақсади тоза намудани гирду атрофи роҳравҳои марказии шаҳри Душанбе аз ҳар гуна партовҳо, аз ҷумла аз баргҳои хушкшудаи дарахтон кормандони Хадамот дар якҷоягӣ бо ҷавонони фаъоли литсейҳои касбӣ-техникии шаҳри Душанбе дар хиёбони Рӯдакӣ чорабинии мақсаднок доир намуданд”, – омадааст дар хабари ВКД.

Гуфта мешавад, чорабинии мазкур бо роҳбарии Сардори Хадамот полковники милитсия Фаттоҳзода Абдусаттор Абдуқаҳор ба роҳ монда шуда, дар он наздики 200-нафар иштирок намуданд.

“Кормандони Хадамоти мазкур ва ҷавонони фаъол бо рӯҳияи баланди ватандӯстона ба гурӯҳҳо тақсим шуда, бо кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансур ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе роҳравҳои хиёбони Рӯдакиро оғоз аз Пайкараи Шоҳ Исмоили Сомонӣ то Маркази савдои «Садбарг» аз баргҳои хушкшудаи дарахтон ва дигар партовҳо тоза намуданд”, – қайд мешавад дар хабар.

Зимнан зикр мегардад, ки чунин корҳои созанда агар аз як ҷихат ба симои зоҳирии пойтахти кишвар ҳусн зам намояд, аз ҷониби дигар фазои экологии кишварро софу беғубор менамояд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.