Сафири нави Чин дар Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ намуд

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири навтаъйини Ҷумҳурии Мардумии  Чин дар Тоҷикистон Лю Бинро қабул кард.   Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, мар мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои наздики ҳамкориҳои  мутақобилан судманди ду кишвари ҳамҷавору дӯст ва шарики стратегиро  дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, энергетика, нақлиёт,  саноат, маориф, илмӣ-техникӣ, фарҳангиву […]

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири навтаъйини Ҷумҳурии Мардумии  Чин дар Тоҷикистон Лю Бинро қабул кард.  

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, мар мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои наздики ҳамкориҳои  мутақобилан судманди ду кишвари ҳамҷавору дӯст ва шарики стратегиро  дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, энергетика, нақлиёт,  саноат, маориф, илмӣ-техникӣ, фарҳангиву гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. 

Гуфта мешавад, чонибҳо инчунин доир ба ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ, ШОС, МҲТБО ва ғайра табодули афкор намуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷаноби Лю Бинро  ба муносибати таъйин шуданаш ба ҳайси  сафири Ҷумҳурии  Мардумии  Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик  намуда,  барояш комёбӣ ва  ба  кишвари дӯсти Чин шукуфоӣ таманно кард.

Тибқи маълумоти яе манбаи “Азия-Плюс” дар ҳукумати Тоҷикистон, Лю Бин то замони таъйин ба вазифаи сафири Чин дар Тоҷикистон ба ҳайси муовини мудири департаменти Аврупо ва Осиёи Марказии Вазорати корҳои хориҷии Чин фаъолият мекард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.