То охири ҳафта обуҳавои дар Тоҷикистон софу беғубор мешавад

То охири ҳафта сокинони ҷумҳурӣ метавонанд аз обуҳавои софу беғубор ва офтобӣ баҳра баранд. Бино ба маълумоти обуҳавошиносони кишвар, то охири ҳафта дар саросари ҷумҳурӣ боришот пешбинӣ нашуда, обуҳавои софу беғубор ва офтобӣ пешгӯӣ мешавад. Дар Агентии гидрометеорологии Тоҷикистон итминон доданд, ки баъзан обуҳавои тағйирёбанда дар назар буда, ҳарорати то 16 дараҷа гарм мешавад. Сокинони […]

То охири ҳафта сокинони ҷумҳурӣ метавонанд аз обуҳавои софу беғубор ва офтобӣ баҳра баранд.

Бино ба маълумоти обуҳавошиносони кишвар, то охири ҳафта дар саросари ҷумҳурӣ боришот пешбинӣ нашуда, обуҳавои софу беғубор ва офтобӣ пешгӯӣ мешавад.

Дар Агентии гидрометеорологии Тоҷикистон итминон доданд, ки баъзан обуҳавои тағйирёбанда дар назар буда, ҳарорати то 16 дараҷа гарм мешавад. Сокинони пойтахтро низ чунин вазъи обуҳаво инттизор аст.

Тибқи пешгӯии обуҳавошиносон, дар минтақаи ҷануб ва ноҳияҳои тобеи марказ дар ин давра боридани барф дар назар нест.

Ҳамчунин то ҳол маълум нест, ки дар кадом гӯшаи Тоҷикистон сокинон Соли навро бо барф пешвоз гирифта метавонанд.

“Дар ин бора маълумот додан алҳол барвақт аст, зеро барои охири моҳи декабр мо алҳол пешгӯии дақиқ надорем”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Агентии гирдрометеорологии кишвар.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти АМИТ “Ховар” бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда  шуда, дар баъзе минтақаҳо  боридани борону барф  дар  назар аст.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда,       боридани борону барф   дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -5-3,   рӯзона  +2+4  ва дар шарқи ин вилоят шабона -18-20  ва рӯзона -3-5 дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрноки  тағйирёбанда шуда,  дар водиҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф  дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8    метр  дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона +1+3  ва рӯзона 9+11  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки  тағйирёбанда  шуда,  дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону  барф дар назар аст.  Ҳаво дар водиҳо шабона 5+7 ва рӯзона +13+15   дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда    шуда,  шабона дар баъзе ноҳияҳо борон ва дар баландии 2000 м барф меборад. Рӯзона ҳавои тағйирёбанда шуда, фаромадани туман дар назар аст. Ҳарорат шабона ба 0-5  ва рӯзона  ба  9-14  дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда,    шабона боридани борон  дар назар аст. Ҳаво шабона 2+4  ва рӯзона +11+13  дараҷа гарм мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.