Кумаки Эрон ба футзалистони ҷавони тоҷик дар роҳёбӣ ба даври финалии Чемпионати Осиё

Мунтахаби ҷавонони футзали Тоҷикистон (U-20) ба даври финалии мусобиқоти Чемпионати Осиё-2019, ки соли оянда дар Эрон доир мегардад, роҳхат гирифт. Бино ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, аз рӯи натиҷаҳои мусобиқоти даври интихобӣ дастаҳои зерин ба ин мусобиқа роҳ ёфтанд: Қирғизистон, Афғонистон, Тоҷикистон (минтақаи Марказӣ); Лубнон, Ироқ, Арабистони Саудӣ (минтақаи Ғарбӣ); Ҷопон, Тайбэйи Чин (минтақаи Шарқӣ) […]

Мунтахаби ҷавонони футзали Тоҷикистон (U-20) ба даври финалии мусобиқоти Чемпионати Осиё-2019, ки соли оянда дар Эрон доир мегардад, роҳхат гирифт.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, аз рӯи натиҷаҳои мусобиқоти даври интихобӣ дастаҳои зерин ба ин мусобиқа роҳ ёфтанд: Қирғизистон, Афғонистон, Тоҷикистон (минтақаи Марказӣ); Лубнон, Ироқ, Арабистони Саудӣ (минтақаи Ғарбӣ); Ҷопон, Тайбэйи Чин (минтақаи Шарқӣ) ва Тайланд, Ветнам ва Индонезия (минтақаи Уқёнус).

Гуфта мешавад, мунтахаби ҷавонони футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии мусобиқот дар Тошканд зинаи дуюмро ишғол намуд. Дар бозии ҳалкунанда футболбозони тоҷик аз дастаи Афғонистон бо ҳисоби 1 бар 4 шикаст хӯрданд.

Даста имкони худро мунтазир буд, зеро агар мусобиқоти Чемпионати Осиёро Эрон қабул мекард, пас дастаи Тоҷикистон ба як ҷойи холишуда довталабӣ карда метавонист.

Гап сари он аст, ки тими Эрон дар гурӯҳи худ зинаи аввалро ишғол намуда, ҳамчун мизбон бидуни натиҷаи марҳилаи инихобӣ дар чемпионат иштирок мекунад. Дар натиҷа дар даври финалӣ ҷойи як даст холӣ мемонд.

Хушбахтона, ҳамин тавр ҳам шуд: Конфедератсияи футболи Осиё қарор кард, ки чемпионат маҳз дар Эрон гузаронида мешавад ва ин ба футболбозони тоҷик имкон дод, ки ба даври финалии мусобиқа роҳхат гиранд.

Дар мусобиқоти Чемпионати дуюми футзали Осиё байни ҷавнон 12 даста ширкат меварзанд. Аз рӯи натиҷаҳои қуръакашӣ дастаҳо ба 3 гурӯҳи 4-дастаӣ тақсим мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.