Дар Тошканд арчаи солинавии 35-метра гузошта шуд

Дар хиёбони Мустақиллиқ назди Қасри эҷодиёти ҷавонони шаҳри Тошканд арчаи 35-метраи асосии солинавии Ӯзбекистон гузошта шуд. Дар паҳлӯи он ҳамчунин арчаҳои баландишаон 8-метра низ гузошта мешаванд. Корҳои зебу зинат додани арчаи асоси кишвари ҳамсоя алҳол идома доранд. Ғайр аз ин, дар гирду атрофи арчаи солинавӣ ташкили наздики 50 нуқтаи фурӯши ҳамаи асбобу лавозимоти зарурӣ барои […]

Дар хиёбони Мустақиллиқ назди Қасри эҷодиёти ҷавонони шаҳри Тошканд арчаи 35-метраи асосии солинавии Ӯзбекистон гузошта шуд.

Дар паҳлӯи он ҳамчунин арчаҳои баландишаон 8-метра низ гузошта мешаванд. Корҳои зебу зинат додани арчаи асоси кишвари ҳамсоя алҳол идома доранд.

Ғайр аз ин, дар гирду атрофи арчаи солинавӣ ташкили наздики 50 нуқтаи фурӯши ҳамаи асбобу лавозимоти зарурӣ барои тамошои чорабинии солинавӣ дар назар аст, хабар медиҳад upl.uz.

Қобили зикр аст, ки Душанбе аввалин шуда байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ арчаи солинавии асосии кишварро гузошт, ки баландтарин дар таърихи Тоҷикистон – 28 метр аст.

Дар пойтахти Қирғизистон – Бишкек арчаи солинавиро рӯзи 10 декабр гузоштанд. Баландии он – 25 метр ва масоҳаташ – 12 метрро ташкил медиҳад.

Мебояд гуфт,  маъракаи гузоштани арчаи солинавиро дар Бишкек бо шукуҳу шаҳомат ҷашн мегиранд: ҳаракати нақлиёт дар роҳҳо маҳдуд шуда, сайругаштҳои оммавӣ баргузор мешаванд. Санаи 10 декабр низ дар майдони “Ала-Тоо” ба ин монанд чорабинӣ доир гардид.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.