Даргузашти ҳунарманди халқии Тоҷикистон Исо Абдурашидов

Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, актёри театру кино Исо Абдурашидов рӯзи 15 декабр дар синни 71-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт. Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, наздиконаш гуфтаанд, ҷасади ӯ рӯзи якшанбе, 16 декабр дар оромгоҳи Сари Осиёи пойтахт ба хок супурда шуд. Исо Абдурашидов 15 марти соли 1947 дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба дунё […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, актёри театру кино Исо Абдурашидов рӯзи 15 декабр дар синни 71-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, наздиконаш гуфтаанд, ҷасади ӯ рӯзи якшанбе, 16 декабр дар оромгоҳи Сари Осиёи пойтахт ба хок супурда шуд.

Исо Абдурашидов 15 марти соли 1947 дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъати театрӣ (гурӯҳи Б.Бибиоква ва О.Пижова) мебошад. Байни тамошобинон бештар бо нақши Сталин дар намоишномаи “Драмаи миллат” маъруф аст.

Исо Абдурашидов дар саҳнаи театр ва кино зиёда аз 50 нақш офаридааст. Ёдгор («Дохунда»-и Ҷ. Икромӣ), Ҷунайд ва Саҳл ибни Мансур («Рӯдакӣ»-и Ғ. Абдулло), Қиёмиддин мударрис («Алломаи Адҳам»-и С. Улуғзода), Шпигелберг («Роҳзанҳо»-и Ф. Шиллер), Эдмунд («Шоҳ Лир»-и У. Шекспир), майор Собиров («Нахҳои печида»-и М. Холов), Муборакхон («Фарёди ишқ»-и Ғ. Абдулло), домулло («Чорсӯ»-и Н. Табаров), Сталин («Драмаи миллат») ва ғайра намунае аз нақшаи офаридаи Абдурашидов дар саҳнаи театр мебошанд.

Дар филмҳои “Воқеа дар фурудгоҳ”, “Дом барои шағолҳо”, “Дарди ишқ” ва дигарон низ нақшҳои хотирмон офаридааст.

Тавре ба “Азия-Плюс” яке аз наздикони марҳум хабар дод, солҳои охир ӯ аз бемории меъдаву рӯдаҳо азият мекашид.

“Нафақаи ӯ дар ҳаҷми 400 сомонӣ ҷиҳати дастрасӣ ба кумаки тиббии сатҳи баланди тахассусӣ имкон намедод. Бо дастгирии молии пешвои Ҳизби демократи Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Саидҷаъфар Усмонзода, ҳунарманд дар бемористон бистарӣ гардида, лекин аллакай дер шуда буд”, – қайд кард яке аз ҳамкорони ҳунарманди фавтида.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.