Ҷустуҷӯи ҷасади “Саъдӣ-командир” дар дарёи Вахш

Полковники бознишасти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Саъдӣ Холмуродов дар дарёи Вахш ғарқ шудааст. Тавре сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ дар ин робита хабар дод, наҷотдиҳандагони Кумита ба ҷустуҷӯи ҷасади ӯ машғуланд. Бино ба гуфтаи номбурда, Саъдӣ Холмуродови 56-сола рӯзи 15 декабр дар дарёи Вахш, наздикии обанбори нерӯгоҳи Сангтӯда-1 […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Полковники бознишасти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Саъдӣ Холмуродов дар дарёи Вахш ғарқ шудааст.

Тавре сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ дар ин робита хабар дод, наҷотдиҳандагони Кумита ба ҷустуҷӯи ҷасади ӯ машғуланд.

Бино ба гуфтаи номбурда, Саъдӣ Холмуродови 56-сола рӯзи 15 декабр дар дарёи Вахш, наздикии обанбори нерӯгоҳи Сангтӯда-1 ғарқ шудааст.

Тибқи фарзияҳои пешакӣ, ин ҳодиса бар асари ба беэҳтиётӣ роҳ додани Саъдӣ Холмуродов ба амал омадааст.

“Айни замон наҷотдиҳандагони Хадамоти Кумита ҷасади ӯро дар шаҳри Норак ҷустуҷӯ доранд”, – хабар доданд аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.

Саъдӣ Холмуродов, полковники бознишаста бештар бо номи “Саъдӣ-командир” маъруф буда, замоне муовини генерали марҳум Суҳроб Қосимов буд.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.