Тамошои дастаҷамъонаи филм дар бораи Эмомалӣ Раҳмон

Филми мустанад таҳти унвони “Марди роҳ” дар бораи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 19 декабр дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар намоиш дода мешавад. Ин иқдом бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамкорӣ бо муассисаи давлатии телевизиони “Сафина” роҳандозӣ шудааст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ, мақсад […]

Asia-Plus

Филми мустанад таҳти унвони “Марди роҳ” дар бораи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 19 декабр дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар намоиш дода мешавад.

Ин иқдом бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамкорӣ бо муассисаи давлатии телевизиони “Сафина” роҳандозӣ шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ, мақсад аз намоиши филми ҳуҷҷатии “Марди роҳ” расидан ба қадри Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, ҳифзу гиромидошти арзишҳои бузурги даврони соҳибистиқлолии кишвар, махсусан эҳтиром ва варҷгузорӣ ба заҳмату талошҳои хастанопазири Президенти Тоҷикистон мебошад.

“Тамошои дастаҷамъонаи филми мазкур дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар бо ҷалби намояндагони аҳли зиё ва доираи васеи ҷавонон ба нақша гирифта шуда, дар шаҳри Душанбе филми мазкур дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба намоиш гузошта мешавад”, – омадааст дар хабари Кумита.

Гуфта мешавад, инчунин бо ҷалби 700 нафар кормандони ҷавони вазорату идораҳо намоиши филм дар толори маркази “Вефа” ташкил ва баргузор карда мешавад.

Зимнан зикр мегардад, ки пас аз намоиши филми мазкур аз ҷониби аъзоёни маҳфили “Пайравони Пешвои миллатем”-и Кумита бо тақсим намудани нишони сарисинагӣ, ки дар он акси Пешвои муаззами миллат таҷҷасум ёфтаас, таҳти унвони “Бо Президентам ифтихор мекунам”, “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат”, “Мо Шуморо дӯст медорем – Пешвои миллат” аксияҳои тарғиботӣ баргузор мегардад.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.