Рустами Эмомалӣ ҷашни зодрӯз дорад. Ӯ 31-сола шуд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, писари калонии президенти Тоҷикистон имрӯз зодрӯз дорад. Ҷашни 31-солагии худро ӯ дар ҷойи корӣ таҷлил намуда, субҳи имрӯз чун ҳарвақта дар ҳуҷраи кориаш қарор дошт, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт.

Бино ба гуфтаи манбаъ, дар чаҳорчӯби меъёрҳои қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон”, раиси пойтахт низ чун дигар шаҳрвандони кишвар зодӯзашро танҳо дар доираи аҳли оила  ҷашн мегирад.

Ёдрас мекунем, ки мувофиқи меъёрҳои ин қонун, дар сурати аз ҷониби аъзои ҳукумат, мансабдорони давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фарзандони онҳо риоя нашудани талаботи қонуни мазкур, онҳо аз вазифа озод карда мешаванд.

Маълумотнома

Рустами Эмомалӣ 19 декабри соли 1987 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Соли 2008 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон, соли 2011 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ ва соли 2014 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.

Солҳои 2006-2009 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси сармутахассиси шӯъбаи ҳамкорӣ бо Созмони умумиҷаҳонии савдо фаъолият намудааст.

Аз моҳи апрели соли 2009 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси  иҷрокунандаи вазифаи Сардори Раёсати дастгирии соҳибкорӣ кор карда, моҳи июни соли 2009 Сардори ин Раёсат таъин гардидааст.

Солҳои 2011-2012 дар вазифаи Сардори Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Аз соли 2012 то соли 2013 ба сифати Муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 2013-2015 Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 марти соли 2015 Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида то 12 январи соли 2017 дар ин вазифа фаъолият кардааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2017 иҷрокунандаи вазифа ва аз 4 апрели соли 2017 ба вазифаи Раиси шаҳри Душанбе таъин гардид.

Аз соли 2012 то соли 2017 Рустами Эмомалӣ ба ҳайси президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон фаъолият дошт.

Барои “фаъолияти арзанда ва пурсамар дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ” бо ордени “Зарринтоҷ” дараҷаи II мукофотонида шудааст.

Забонҳои русӣ, англисӣ ва олмониро медонад.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...