Боғҳои мева дар Гомелу Брест ба ифтихори Эмомалӣ Раҳмон

Сафири Тоҷикистон дар Беларус Маҳмадшариф Ҳақдод бо муовини аввали вазири корҳои хориҷии ин кишвар Андрей Евдоченко дидору гуфтушунид анҷом дода, зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои чорабиниҳо, аз ҷумла вобаста ба рушди муносиботи Тоҷикистон ва Беларус дар доираи сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, ҳамкориҳо дар самтҳои созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, фарҳангӣ-башардӯстӣ ва машваратҳои байниидоравии Вазоратҳои корҳои хориҷии ҳарду […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Сафири Тоҷикистон дар Беларус Маҳмадшариф Ҳақдод бо муовини аввали вазири корҳои хориҷии ин кишвар Андрей Евдоченко дидору гуфтушунид анҷом дода, зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои чорабиниҳо, аз ҷумла вобаста ба рушди муносиботи Тоҷикистон ва Беларус дар доираи сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, ҳамкориҳо дар самтҳои созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, фарҳангӣ-башардӯстӣ ва машваратҳои байниидоравии Вазоратҳои корҳои хориҷии ҳарду кишвар баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар ҷараёни вохӯрӣ боло бурдани сатҳи интиқоли маҳсулот, созмон додани корхонаҳои муштарак ҷиҳати истеҳсол ва мавриди истифода қарор додани маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, бунёди боғҳои дӯстии Тоҷикистон ва Беларус дар минтақаҳои Брест ва Гомел, ҳамчунон масоили мубрам вобаста ба амалӣ намудани базаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносиботи тарафайн муҳим арзёбӣ шуд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо ҳамчунон вобаста ба масоили ташкил намудани сафарҳо дар сатҳи олӣ, баргузор намудани ҷаласаи 13-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, доир намудани Рӯзҳои Фарҳанги Тоҷикистон дар Беларус, ҳамчунон намоиши молу маҳсулоти Тоҷикистон дар Беларус барои соли 2019 ибрози назар намуданд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи майи соли равон зимни сафари расмӣ ба Тоҷикистон президенти Беларус Алексадр Лукашенко ба сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба дар сарзамини Беларус хуб нашъунамо ёфтани ниҳолҳои мевадиҳанда аз Тоҷикистон изҳори назар кард.

“Наход дар вилоятҳои Гомелу Брест мо ба парваришу нашъунамои ин ниҳолҳо муваффақ нагардем. Бовар дорам, ки ин кор аз дастамон меояд”, – гуфта буд он замон Лукашенко.

Дар ин робита ӯ ба сохторҳои марбутаи кишвараш дастур дод, ки ба ифтихори президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вилоятҳои Брест ва Гомел ду боғи мева бунёд карда шуда, барои он қитъаи замини зарурӣ ҷудо шавад.

Он замон Эмомалӣ Раҳмон ваъда дода буд, ки ба мутахассисони беларус дар ташкили ин кор кумак карда, миқдори зарурии ниҳолҳо тайёр карда мешавад.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.