Панҷ баробар коҳиши кумаки башардӯстонаи Чин ба Тоҷикистон

Аз ҳаҷми умумии кумаки башардӯстонаи соли равон ба Тоҷикистон фиристодашуда сеяки он ба ҳиссаи Русия ва Ҳиндустон рост меояд. Аз лиҳози арзиши кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон давоми 11 моҳи соли ҷорӣ ҳиссаи Русия – 16% ва Ҳиндустон – 15,7%-ро ташкил медиҳад, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон. Ҳиссаи Чин дар ҳаҷми умумии кумаки башардӯстона […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Аз ҳаҷми умумии кумаки башардӯстонаи соли равон ба Тоҷикистон фиристодашуда сеяки он ба ҳиссаи Русия ва Ҳиндустон рост меояд.

Аз лиҳози арзиши кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон давоми 11 моҳи соли ҷорӣ ҳиссаи Русия – 16% ва Ҳиндустон – 15,7%-ро ташкил медиҳад, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.

Ҳиссаи Чин дар ҳаҷми умумии кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон дар ин давра – ба 11,1%, Швейтсария – 10,6%, Туркия – 7,1%, Франсия – 6,9%, Қазоқистон – 5,9%, Олмон – 3,8% ва ИМА – 3,6% баробар аст.

Имсол ба Тоҷикистон 60 кишвари саросари ҷаҳон кумак карданд. Маблағи умумии кумаки башардӯстонаи дар ин давра фиристодаи онҳо бо вазни умумии беш аз 22 ҳазор тоннан 41 млн. долларро ташкил медиҳад.

Ҳарчанд сафи кишварҳои хостори дастгирии Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта имсол зиёд шуда бошад ҳам, ҳаҷми умумии кумаки башардӯстона коҳиш ёфт: тӯли 11 моҳи соли 2017 ҷумҳурӣ аз 54 кишвари саросари дунё дар ҳаҷми наздики 70 млн. доллар кумаки башардӯстона гирифта буд.

Давоми моҳҳои январ-ноябри соли 2017 кумакрасони асосӣ ба Тоҷикистон Чин маҳсуб меёфт, ки аз ҳаҷми умумии кумак қариб 34% ба ҳиссаи ин давлат рост меомад.

Маблағи умумии кумаки башардӯстонаи Чин ба Тоҷикистон дар соли гузашта – тақрибан 23 млн. доллар ва соли равон – каме бештар аз 4,5 млн. долларро ташкил медиҳад.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.