Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон фестивали “Рангоранг” ба кораш идома медиҳад. Дар он тамошобинон бо маҳсули дастони ҳунармандону косибони вилоятҳои Хатлону Суғд, ВМКБ, водии Рашт ва дигар минтақаҳо шинос шуда метавонанд; – Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон доир ба муаррифии натиҷаҳои Тадқиқоти миллӣ оид ба наврасон ва ҷавонон мизи гирд баргузор мешавад. […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон фестивали “Рангоранг” ба кораш идома медиҳад. Дар он тамошобинон бо маҳсули дастони ҳунармандону косибони вилоятҳои Хатлону Суғд, ВМКБ, водии Рашт ва дигар минтақаҳо шинос шуда метавонанд;

– Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон доир ба муаррифии натиҷаҳои Тадқиқоти миллӣ оид ба наврасон ва ҷавонон мизи гирд баргузор мешавад. Оғоз соати 14:00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.4265 сомонӣ;

1 евро – 10.7340 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1412 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1979 — Агрегати охирини нерӯгоҳи барқи обии Норак ба истеҳсоли нерӯи барқ шурӯъ кард. Нерӯгоҳ зиёда аз як сол пеш бо иқтидори пурра ба истифода дода шуд.

1992 — Дар заминаи воҳидҳои Фронти халқӣ ва дигар қисмҳои мусаллаҳи ҷонибдори ҳукумат Қувваҳои Мусалаҳи Тоҷикистон таъсис дода шуд.

2003 – Дафтари кории душанбегии намояндагии созмони байнулмилалии башардӯстонаи «Табибони бидуни марз» дар Тоҷикистон баста шуд.

2010 — Хадамоти махсуси Афғонистон дар шимоли ин кишвар 7 нафар маҳбусони фирории рӯзи 23 август  аз тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ Тоҷикистон гурехтаро боздошт намуданд.

1918 – Зодрӯзи актрисаи театру кино, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Мушаррафа Қосимова.

1927 – Мавлуди адабиётшинос, мунаққид, Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон ва Русия Шавкат Ниёзӣ. Муҳаққиқи эҷодиёти шоирони тоҷик дар замони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945.

1941 – Зодрӯзи оҳангсоз Аъзам Солеҳов.

1954 – Мавлуди нависанда ва журналист Мансур Суруш.

1955 – Зодрӯзи доктори улуми техникӣ Ҳайдар Одинаев.

1956 – Мавлуди арбоби шоиста Саёҳат Неъматова.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, борон борида, дар идома ба барфи тар мубаддал мегардад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +2+7; дар доманакӯҳҳо шабона 0-5, рӯзона -1+4.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, нимаи дуюми рӯз дар баъзе ноҳияҳо борон борида, туман мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +7+12; дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +5+10.

Дар ВМКБ — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот (борону барф).

Ҳарорат: дар ғарб шабона 0-5, рӯзона -2+3; дар шарқ шабона -12-17, рӯзона -1-6.

Дар НТМ  — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борону барф).   

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +6+11; дар доманакӯҳҳо шабона -2+3, рӯзона +1+6.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +8+10.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, борон борида, дар идома ба барфи тар мубаддал мегардад.

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +3+5.

Дар шаҳри Бохтар — Обуҳавои тағйирёбанда, нимаи дуюми рӯз борон меборад.

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +8+10.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.

Ҳарорат: шабона -2-4, рӯзона +1+3.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.