Дар шаҳри Душанбе пагоҳ боридани борон дар назар аст

Пагоҳ дар ҷумҳурӣ обуҳавои ноустувор пешбинӣ мешавад. Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, рӯзҳои 19-20 декабр дар кишвар боридану борону барф ва ба ҷуз ВМКБ, дар дигар минтақаҳо борони сахту шадид дар назар аст. Пагоҳ дар Душанбе обуҳавои абрнок дар назар буда, шабона бебориш ва рӯзона боридани борон дар назар аст. Ҳарорат рӯзона то 8-10 дараҷа […]

Asia-Plus

Пагоҳ дар ҷумҳурӣ обуҳавои ноустувор пешбинӣ мешавад. Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, рӯзҳои 19-20 декабр дар кишвар боридану борону барф ва ба ҷуз ВМКБ, дар дигар минтақаҳо борони сахту шадид дар назар аст.

Пагоҳ дар Душанбе обуҳавои абрнок дар назар буда, шабона бебориш ва рӯзона боридани борон дар назар аст. Ҳарорат рӯзона то 8-10 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон нимаи дуюми рӯзи 19 декабр дар баъзе ноҳияҳо борон борида, шабона ва субҳгоҳон туман мефарояд. Ҳарорат дар водиҳо 7-12 ва дар доманакӯҳҳо 5-10 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд борон борида, дар идома ба барфи тар мубаддал мегардад. Дар ин минтақа ҳарорат дар водиҳо 2-7 дараҷа гарм ва дар доманакӯҳҳо аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баъзан боридану барфи борон дар назар буда, ҳарорат дар ғарби вилоят аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва дар шарқи вилоят – аз 1 то 6 дараҷа хунук мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ шабона обуҳавои бебориш пешбинӣ гардида, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борону барф меборад.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио