Бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ моҳи август ба истифода дода мешавад

Дар Душанбе сохтмони бузургтарин масҷид дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ки дар он дар як вақт наздики 120 ҳазор нафар тоату ибодат карда метавонанд, идома дорад. Лоиҳаи сохтмони Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе ва иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон  бо дастгирии бевоситаи президенти Тоҷикистон, ки моҳи октябри соли 2009 дар рӯзҳои таҷлили 1310-солагии Имоми Аъзам ва […]

Парвиз Турсунов, Ҳайдар Шодиев, Asia-Plus

Дар Душанбе сохтмони бузургтарин масҷид дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ки дар он дар як вақт наздики 120 ҳазор нафар тоату ибодат карда метавонанд, идома дорад.

Лоиҳаи сохтмони Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе ва иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон  бо дастгирии бевоситаи президенти Тоҷикистон, ки моҳи октябри соли 2009 дар рӯзҳои таҷлили 1310-солагии Имоми Аъзам ва Соли бузургдошти асосгузор ва пешвои мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ ба сохтмони он санги асос гузошта буд,  амалӣ мешавад.

Масҷиди бузурги ҷомеи шаҳри Душанбе дар майдони 12 гектар ҷойгир шуда, аз биною мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо иборат хоҳад буд. Масоҳати зери бинои масҷид 3 гектарро ташкил медиҳад.

Лоиҳаи сохтмони ин иншооти барои намозгузорон пешбинӣ шуда, аз ҷониби мутахассисони варзидаи соҳа аз Тоҷикистону Қатар омода гардидааст ва он бо назардошти унсурҳои бостонию муосири санъати меъмории мардуми тоҷик ва ҷаҳонӣ аз 4 манораи баландиаш 75-метра ва гумбази 47-метра иборат хоҳад буд.

Дар лоиҳаи сохтмони ин иншооти бузург тарҳу усулҳои меъмории бостонии тоҷикӣ, нақшу нигори деворҳо, гумбазҳо, сутунҳою даромадгоҳҳо ва тамоми дигар корҳои ороишотии дохилу атрофи масҷид ба эътибор гирифта шудаанд.

Айни замон дар иншооти мазкур беш аз 300 нафар устоҳои бинокор аз саросари кишвар, ҳамчунин мутахассисони хориҷӣ машғули кор буда, то имрӯз аллакай зиёда аз 70 фоизи корҳо ба иҷро расидаанд.

Мавриди истифода қарор гирифтани бузургтарин масҷид дар минтақаи Осиёи Марказӣ моҳи августи соли 2019 дар назар аст.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.