Манбаъ: маҳбусони зиндони Хуҷанд алайҳи нозирон ҷиҳод эълон карданд

Asia-Plus

Баъзе ҷузъиёти ошӯб дар муассисаи ислоҳии шаби 8 ноябр дар Хуҷанд маълум шуд. Бино ба гуфтаи як манбаи “Азия-Плюс” дар прокуратураи вилоят, маҳбусони зиндони №3/3 медонистанд, ки ҳалок мешаванд ва дидаву дониста ба ин амал даст задаанд.

Ба иттилои манбаъ, ҷиҳоди эълоншударо дар ин муассиса касе бекор накардааст, аз ин рӯ, бо эҳтимоли зиёд, исён такрор шуда метавонад.

Кошиносони “Азия-Плюс” қайд мекунанд, ки сабабҳои исёни маҳбусон дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар муассисаи ислоҳии мазкур беадолатӣ ва ҳатто рафтори бераҳмона нисбати маҳкумшудагон аз ҷониби кормандони муассиса буда метавонанд. Дар бораи муассисаи ислоҳии №3/3 овозаҳое ҷой доранд, ки гӯё сардори маҳаллӣ бо истифодаи шиканҷа нисбати маҳбусони “гунаҳкор” маъруф будааст.

Аммо бо назардошти ҳамаи ҷузъиёт оид ба ин масъала, чунин фарзия мавриди баррасӣ қарор надорад. Ба ҳар ҳол, мақомоти маҳаллӣ (вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷиддин Муҳриддин) изҳор доштанд, ки дар ошӯб асосан маҳбусони ба иттиҳоми терроризм маҳкумшуда, аз ҷумла ҷонибдорони созмони террористии Давлати исломӣ иштирок кардаанд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зикр карда буд, ки дар ҷараёни саркӯб кардани ошӯб ва ҷорӣ кардани тартибот 21 нафар ошӯбгарон кушта шуданд. Ҳамчунин ӯ тасдиқ намуда буд, ки ҳангоми исён ду корманди муассиса кушта шуда, панҷ нафар зиндонбонон бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон бистарӣ шуданд.

Ба истилоҳи дигар, бинобар сабаби мавҷуд набудани маълумот расмӣ, алҳол ин ҳодиса дар зиндонро метавон ҳамчун ошӯби маҳбусони тундгарои террорист ё ифротгаро арзёбӣ намуд.

Дар ҳамин ҳол, як мақоми огоҳ аз таҳқиқи исён ба Радиои Озодӣ гуфтааст, беш аз 20 нафаре, ки рӯзи 7-уми ноябр дар исён ва ба ҳам задани тартибот дар зиндон нақш доштанд, мутобиқи қоида танбеҳи сахт гирифтанд.

Ӯ гуфтааст, "бисёре аз онҳо ДИИШ-ӣ ҳастанд. Ҳамаи онҳоро ба бинои нави камеравӣ (ҳуҷраи ҷазо – карстер) бурданд. Барои се моҳу шаш моҳ ҷазо доданд. Беш аз 20 нафар дар бинои нави камеравӣ маҳкам ҳастанд".

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...