Наҷотдиҳандагони КҲФ мошини “Волга”-ро аз дарё берун оварданд

Дастаи наҷоти вокуниши сареъи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон дар пойтахти кишвар аз дарёи Душанбе мошини сабукрави тавлиди Русияро берун кашиданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумита, хабар дар мавриди ин ҳодисаи нохӯш ба қисми навбатдории Кумита аз ронандаи мошин расид. Вай хабар дод, ки мошини сабукрави  ГАЗ 31-02 дар канори […]

Asia-Plus

Дастаи наҷоти вокуниши сареъи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон дар пойтахти кишвар аз дарёи Душанбе мошини сабукрави тавлиди Русияро берун кашиданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумита, хабар дар мавриди ин ҳодисаи нохӯш ба қисми навбатдории Кумита аз ронандаи мошин расид. Вай хабар дод, ки мошини сабукрави  ГАЗ 31-02 дар канори Душанба ба оби рӯдхона фурӯ рафт.

Гуфта мешавад, кормандони наҷот худи ҳамон замон ба ҷойи ҳодиса расиданд. Барои аз об беозору безарар берун кашидани мошин кормандони КҲФ-ро лозим омад аввал сангу сангрезаҳоро бо дастонашон тоза кунанд, буттаҳоро буранд ва баъдан мошинро бо ёрии лебедка берун кашиданд. 

Зимнан зикр мегардад, ки хушбахтона, ҳангоми ин ҳодисаи нохӯш ва ин садамаи пурхатар касе  осеб надид, чун мошин холӣ буд. Ронанда ҳангоми ист фаромӯш карда буд, ки мошинашро дар тормузи дастӣ нигоҳ дорад, аз ин рӯ “Волга” ба дарё рафт.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.