Таҳияи қонун доир ба пешгирии бархӯрди манфиатҳо барои мансабдорони давлатӣ

Агентии зиддифасоди Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Агентии хизмати давлатии назди президенти ҷумҳурӣ лоиҳаи қонун “Дар бораи пешгирии бархӯрди манфиатҳо дар фаъолияти хизматчиёни давлатӣ”-ро мавриди таҳия қарор додаанд, ки ба коҳиши хатарҳои коррупсионӣ байни хизматчиёни давлатӣ равона шудааст. Лоиҳаи қонун дар марҳилаи мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор қарор дошта, имрӯз дар бораи санаи мушаххаси баррасии он […]

Агентии зиддифасоди Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Агентии хизмати давлатии назди президенти ҷумҳурӣ лоиҳаи қонун “Дар бораи пешгирии бархӯрди манфиатҳо дар фаъолияти хизматчиёни давлатӣ”-ро мавриди таҳия қарор додаанд, ки ба коҳиши хатарҳои коррупсионӣ байни хизматчиёни давлатӣ равона шудааст.

Лоиҳаи қонун дар марҳилаи мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор қарор дошта, имрӯз дар бораи санаи мушаххаси баррасии он дар парлумон сухан гуфтан барвақт аст, изҳор дошт ба “Азия-Плюс” сардори Раёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Нигора Муқимӣ.

“Конун ба пешгирии амалкарди мансабдороне, ки манфиатҳои шахсиашонро аз манфиатҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ боло гузошта, қарорҳои мухолиф ба манфиатҳои мардум ва давлатро қабул мекунанд, нигаронида шудааст”, –  хабар дод ба “Азия-Плюс” корманди Агентии хизмати давлатии назди президент Рисолат Сайфиддинова.

Ба ақидаи таҳиягарони лоиҳаи қонун, меъёрҳои қонун ба хизматчии давлатии ҳама гуна сатҳ имкон намедиҳанд, ки дар ҷараёни иҷрои вазифаҳои хизматӣ манфиатҳои хусусӣ, молӣ ва тиҷоратии худаш ё хешовандону аъзои оилаашро авлотар донад.

Қобили зикр аст, ки ҳадаф аз қабули қонун, кам кардани шумори ҳодисаҳое мебошад, ки дар онҳо шахсони мансабдор ба ҳолатҳои водоркунанда барои даст задан ба амалҳои коррупсионӣ қарор мегиранд.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.