Ваъдаи таҳкими имконоти пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон

То замони ба эътидол омадани вазъ дар Афғонистон, Русия имконоти пойгоҳи низомиашро дар Тоҷикистон пурзӯр мекунад, изҳор дошт президенти Русия Владимир Путин зимни нишасти хабарии ҳамасола рӯзи панҷшанбе. Дар посух ба саволи рӯзноманигори афғон дар бораи дурнамои гуфтушунидҳо бо “Толибон”, Путин таъкид дошт, ки то замони ба субот омадани вазъ дар Афғонистон, Русия ба имконоти […]

То замони ба эътидол омадани вазъ дар Афғонистон, Русия имконоти пойгоҳи низомиашро дар Тоҷикистон пурзӯр мекунад, изҳор дошт президенти Русия Владимир Путин зимни нишасти хабарии ҳамасола рӯзи панҷшанбе.

Дар посух ба саволи рӯзноманигори афғон дар бораи дурнамои гуфтушунидҳо бо “Толибон”, Путин таъкид дошт, ки то замони ба субот омадани вазъ дар Афғонистон, Русия ба имконоти пойгоҳи низомиаш дар Тоҷикистон тақвият мебахшад, хабар медиҳад Интерфакс.

Ҳамчунин Путин қайд кард, ки ба гумон аст, ки ҳукумати Афғонистон ҳадди ақал аз сеяки қаламрави кишвар ду қисматашро зери назорат дошта бошад.

“Мо бар ин назарем, ки ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон танҳо бо роҳи созиш байни ҳамаи ҷонибҳои раванди сиёсӣ дар худи Афғонистон имконпазир буда, то ин вақт мо маҷбурем, ки имконоти пойгоҳи низомиамонро дар Тоҷикистон пурзӯр намоем”, – изҳор намуд Путин.

Бино ба гуфтаи Владимир Путин, Русия ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ, аз ҷумла роҳандозии ҳамкорӣ бо ин кишвар барои рушди иқтисодӣ омода аст. Ӯ изҳори умедворӣ намуд, ки тамоми нерӯҳои сиёсӣ ва гурӯҳҳои этникии Афғонистон ба созиш байни ҳам даст меёбанд.

Қобили зикр аст, ки пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон аз иншооти бузургтарини ҳарбии кишвар дар қаламрави берун аз Русия маҳсуб меёбад. Ҷузъу томҳои пойгоҳ дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) мустақар мебошанд. Мувофиқи созишномаи моҳи октябри соли 2012 баимзорасида, муҳлати ҳузури пойгоҳ дар Тоҷикистон то соли 2042 муқаррар шудааст.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.