Собиқ мансабдори “Амонатбонк” бо сохтакории ҳуҷҷатҳо ҳудуди 1 млн. сомониро азхуд кард

Date:

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт собиқ муовини директор-сардори идораи муҳосиботи Департаменти пардохти нафақа ва кортҳои бонкии Раёсати БДА «Амонатбонк» Салоҳидин Зоирзодаро ба 14 соли зиндон маҳкум кард.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Прокураураи генералии Тоҷикистон, зимни кор дар ин мансаб аз 20 январи соли 2015 то 18 майи соли 2018 Салоҳиддин Зоирзода бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо наздики 580 ҳазор сомониро азхуд кардааст.

“Баъди барканор шудан аз ин мансаб, Зоирзода ғайриқонунӣ ба бонк ворид шуда, ин дафъа низ бо сохтакории ҳуҷҷатҳо боз беш аз 341 ҳазор сомонӣ маблағро азхуд мекунад. Сипас ӯ бори дигар низ кӯшиш мекунад, ки ҳудуди 320 ҳазор сомонӣ маблағро азхуд намояд, вале ин кор барояш муяссар намегардад”, – қайд мешавад дар маълумот.

Гуфта мешавад, 14 соли муҳлати ҷазор корманди бонк дар зиндони низомаш шадид адо мекунад. Аз ҳисоби Зоирзода ба фоидаи «Амонатбонк» беш аз 920 ҳазор сомонӣ маблағ рӯёнида шудааст.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...