Киҳо сарватҳои Тоҷикистонро ба даст меоранд? Акнун мефаҳмем

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ширкатҳои машғул ба кор дар бахши истихроҷи кӯҳии Тоҷикистон бояд маълумотро дар бораи шахсияти моликони воқеии худ ифшо намоянд. Ҳамчунин маълумот дар бораи ҳамаи шахсони аз лиҳози сиёсати ширкат муҳим, ки судгир (фоидагир) аз амалисозии лоиҳа мебошанд, низ бояд муайян бошад.

Бино ба маълумоти котиботи Вазорати молияи ҷумҳурӣ, ин дар ин бора зимни ҷаласаи навбатии Шӯрои ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷ (ТШСИ) дар Тоҷикистон охири ҳафтаи гузашта изҳори назар шудааст.

Дар Вазорат таъкид мекунанд, ки аз 1 январи соли 2020 ширкатҳои кишварҳое, ки ин ташаббусро амалӣ мекунанд, бояд маълумот дар бораи ҳуқуқҳои судгирандагонро ифшо созанд. Ин маълумот ба ҳисоботи ТШСИ дохил мешавад.

“Талаботи мазкур дар лоиҳаи қонун “Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ ва истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ” дар таҳрири нав дарҷ ёфтааст, ки мавриди баррасии ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Баъди қабули лоиҳаи ин қонун ҳамаи ширкатҳои машғули фаъолият дар соҳаи истихроҷи кӯҳии Тоҷикистон бояд маълумотро дар бораи моликони худ ифшо намоянд”, – гуфта мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, дар ҷаласа лоиҳаи қонун “Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси андоз” дар мавриди масъалаҳои андозбандии истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ дар қисмати пардохти маблағи якдафъаина барои соҳиб шудан ба ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ (подписной бонус) баррасӣ шуд.

Лоиҳаи қонуни зикршуда аз ҷониби Вазорати молия таҳия шуда, дар он сабуксозии сарбории ширкатҳои машғул ба истихроҷи кӯҳӣ дар мавриди пардохти маблағи якдафъаина барои соҳиб шудан ба ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ пешбинӣ шудааст.

Намояндагони ширкатҳо лоиҳаи қонунро мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба эзоҳу пешниҳодҳои худ дар дубора коркард кардан ва ворид намудани тағйироту иловаҳо ба лоиҳаи қонун изҳори назар карданд.

Ҳамчунин дар ҷаласа Харитаи роҳи навсозишуда оид ба ҳуқуқҳои судгир баррасӣ ва тасдиқ шуд.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...