Уҳдадории иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба нашри ҳисоботи молӣ дар интернет

Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон имрӯз аз тағйироту иловаҳо ба қонун “Дар бораи иттиҳолияҳои ҷамъиятӣ” ҷонибдорӣ намуд. Ҳамаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ минбаъд ба боз кардани сомонаи худ дар шабакаи интернет уҳдадор шуданд. Дар ин сомона онҳо мунтазам бояд маълумотро дар бораи даромаду хароҷоти иттиҳодия нашр намоянд. Илова бар ин, мувофиқи тағйироту иловаҳо, ҳисоботи молиявии иттиҳодияҳои ҷамъиятиро муддати […]

Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон имрӯз аз тағйироту иловаҳо ба қонун “Дар бораи иттиҳолияҳои ҷамъиятӣ” ҷонибдорӣ намуд.

Ҳамаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ минбаъд ба боз кардани сомонаи худ дар шабакаи интернет уҳдадор шуданд. Дар ин сомона онҳо мунтазам бояд маълумотро дар бораи даромаду хароҷоти иттиҳодия нашр намоянд.

Илова бар ин, мувофиқи тағйироту иловаҳо, ҳисоботи молиявии иттиҳодияҳои ҷамъиятиро муддати панҷ сол баъди нашри онҳо хориҷ кардан манъ мешавад.

Узви Маҷлиси миллӣ Муҳаммадюсуф Имомзода дар ин робита изҳор намуд, ки ин тағйироту иловаҳо ба тақвияти мубориза бо пулшӯйӣ, ҳамчунин пешгирии маблағгузорӣ ба созмонҳои террористӣ ва ифротгаро нигаронида шудааст.

Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи иттиҳодяҳои ҷамъиятӣ” соли 2007 қабул шуда, муносибатҳои ҷамъиятии вобаста ба истифодаи ҳуқуқи шаҳрвандонро ба муттаҳид шудан дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ танзим мекунад.

Амали қонун ба ҳамаи иттиҳодияҳои ҷамъиятии бо тартиби муқаррарӣ таъсисёфта, ба ҷуз иттиҳодияҳои ҷамъиятие (созмону ташкилотҳои динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ), ки тартиби таъсис ва амали онҳо бо қонунҳои ҷудогона танзим мешаванд, дахл дорад.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.