Киҳо сарватҳои Тоҷикистонро ба даст меоранд? Акнун мефаҳмем

Ширкатҳои машғул ба кор дар бахши истихроҷи кӯҳии Тоҷикистон бояд маълумотро дар бораи шахсияти моликони воқеии худ ифшо намоянд. Ҳамчунин маълумот дар бораи ҳамаи шахсони аз лиҳози сиёсати ширкат муҳим, ки судгир (фоидагир) аз амалисозии лоиҳа мебошанд, низ бояд муайян бошад. Бино ба маълумоти котиботи Вазорати молияи ҷумҳурӣ, ин дар ин бора зимни ҷаласаи навбатии […]

Ширкатҳои машғул ба кор дар бахши истихроҷи кӯҳии Тоҷикистон бояд маълумотро дар бораи шахсияти моликони воқеии худ ифшо намоянд. Ҳамчунин маълумот дар бораи ҳамаи шахсони аз лиҳози сиёсати ширкат муҳим, ки судгир (фоидагир) аз амалисозии лоиҳа мебошанд, низ бояд муайян бошад.

Бино ба маълумоти котиботи Вазорати молияи ҷумҳурӣ, ин дар ин бора зимни ҷаласаи навбатии Шӯрои ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷ (ТШСИ) дар Тоҷикистон охири ҳафтаи гузашта изҳори назар шудааст.

Дар Вазорат таъкид мекунанд, ки аз 1 январи соли 2020 ширкатҳои кишварҳое, ки ин ташаббусро амалӣ мекунанд, бояд маълумот дар бораи ҳуқуқҳои судгирандагонро ифшо созанд. Ин маълумот ба ҳисоботи ТШСИ дохил мешавад.

“Талаботи мазкур дар лоиҳаи қонун “Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ ва истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ” дар таҳрири нав дарҷ ёфтааст, ки мавриди баррасии ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Баъди қабули лоиҳаи ин қонун ҳамаи ширкатҳои машғули фаъолият дар соҳаи истихроҷи кӯҳии Тоҷикистон бояд маълумотро дар бораи моликони худ ифшо намоянд”, – гуфта мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, дар ҷаласа лоиҳаи қонун “Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси андоз” дар мавриди масъалаҳои андозбандии истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ дар қисмати пардохти маблағи якдафъаина барои соҳиб шудан ба ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ (подписной бонус) баррасӣ шуд.

Лоиҳаи қонуни зикршуда аз ҷониби Вазорати молия таҳия шуда, дар он сабуксозии сарбории ширкатҳои машғул ба истихроҷи кӯҳӣ дар мавриди пардохти маблағи якдафъаина барои соҳиб шудан ба ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ пешбинӣ шудааст.

Намояндагони ширкатҳо лоиҳаи қонунро мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба эзоҳу пешниҳодҳои худ дар дубора коркард кардан ва ворид намудани тағйироту иловаҳо ба лоиҳаи қонун изҳори назар карданд.

Ҳамчунин дар ҷаласа Харитаи роҳи навсозишуда оид ба ҳуқуқҳои судгир баррасӣ ва тасдиқ шуд.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.