Тарзҳои ҳимояи шахс бо кумаки ҳуқуқшиноси давлатӣ

Дар 18 шаҳру навоҳии озмоишии кишвар дафтарҳои кории давлатии ҳуқуқӣ амал мекунанд, ки дар онҳо 30 нафар ҳуқуқшиносон машғули фаъолият буда, кумаки бепули ҳуқуқӣ пешниҳод менамоянд. Чунин дафтарҳои корӣ ҳамагӣ 24-тоанд ва дар ҳар кадоме аз онҳо сокинони минтақаҳои ҷумҳурӣ масоили ҷиддиеро ҳал мекунанд, ки сатҳи некӯаҳволиашон ба он вобаста аст. Яке аз чунин ҳодисаи […]

Наим Халимов

Дар 18 шаҳру навоҳии озмоишии кишвар дафтарҳои кории давлатии ҳуқуқӣ амал мекунанд, ки дар онҳо 30 нафар ҳуқуқшиносон машғули фаъолият буда, кумаки бепули ҳуқуқӣ пешниҳод менамоянд.

Чунин дафтарҳои корӣ ҳамагӣ 24-тоанд ва дар ҳар кадоме аз онҳо сокинони минтақаҳои ҷумҳурӣ масоили ҷиддиеро ҳал мекунанд, ки сатҳи некӯаҳволиашон ба он вобаста аст. Яке аз чунин ҳодисаи воқеиро мо кӯшиш кардем, ки бо ёрии ролики тасвирӣ нишон диҳем.

Дафтарҳои кории ҳуқуқшиносии таъсисёфта фаъолияти худро дар доираи Консепсияи расонидани кумаки ройгони ҳуқуқӣ ба аҳолӣ бо мақсади рушди низоми давлатии кафолатноки расонидани кумаки ҳуқуқӣ ба оилаҳои камбизоат ва қишри осебпазири аҳолӣ роҳандозӣ мекунанд.

Баҳри амалисозии ҳадафҳои Консепсия ҳукумат дар назди Вазорати адлия Муассисаи давлатии “Маркази кумаки ҳуқуқӣ” таъсис дод, ки фаъолияти дафтарҳои кории давлатии маҳалҳоро назорату танзим мекунад.

Ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ аллакай метавонад барои кумак ба Дафтарҳои кории давлатии ҳуқуқӣ муроҷиат намуда, комилан бепул аз кумаки аввалияи касбии ҳуқуқӣ баҳравар шавад. Ва ин низом натиҷа меорад: бо кумаки ҳуқуқшиносон одамон мушкилоти ҳуқуқии худро пурсамар ҳал мекунанд.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.